Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Мефаҳманд, Ромиз, лекин кўшиш кунанд, то нафаҳманд.
Расо даҳ дақиқа пеш аз оғози намоиш саҳна омода шуд. Худи Ромиз, ки саҳнаро ороиш медод ва саранҷоми намоишро ба завқи худ месохт, монда шуд. Зиёдтар аз он арақ кард, ки дар роҳ карда буд. Дилаш тапид, лаб хоид, манаҳ соид, суд накард. Баъд сару рўй бо оби хунук шуста нафаси дароз кашид. Гоҳе ки хилъати сабзи ҷавонирамзро ба бар гирифт ва худро як марди мутафаккир, файласуф ва ҳаким, инчунин ошиқ тасаввур кард, ба сараш зад, ки тамошобинон ўро дербоз нигаронанд. Ва боз як шахс, ки...
Вале Ромиз дар байни ин қадар чашмҳо чашмони зебои ўро пайдо карда метавониста бошад?
Парда кушода шуд. Аз паси боғи Ҳуснобод, боз ҳам дуртар аз сафедорзор, аз кўҳи сурх акси садои шоир омад:
Раҳӣ савору ҷавону тавонгар аз раҳи дур,
Ба хидмат омад некўсиголу некандеш.
Писанд бошад мар хоҷаро пас аз даҳ сол,
Ки бозгардад пиру пиёдаву дарвеш?
Дубайтӣ ба забони тоҷикӣ садо дод, вале моноспектакли ў ба забони русӣ мерафт. Овози марғуладор, муассир, форам ва ширадори актёр, ки таъсири шеърро дуболо мекард, толорро фаро гирифт. Чунон буд, ки садояш худи ўро ба ҳаяҷон овард...
Ҳама хомўш буданд. Касе намехост, ки нафасаш ба гўшаш халал расонад.
Актёр, ки ҳушу хаёлаш ба ифодаю адои шеър ва ба мардум расонидани маънии он буд, натавонист, ки толорро бадиққат аз назар гузаронад. Ў хост, ки намоиши имшабаро Саида тамошо бикунад, зеро то ҳол беҳтар аз Саида мунаққидеро надидааст, ки ба ў маслиҳат дода тавониста бошад, вале омадани Саида аз имкон берун аст; ба омадани Ҷаҳоноро умед дошт. Ў шеър мехонд ва гумон мекард, ки маъниҳои борику нозуки он то мағзу дили Ҷаҳоноро мерасад ва даргузар будани дунё ва ҷуз вафо пойдор набудани ҳама чизро мефаҳмад ва минбаъд ба ў меҳрубонтар мешавад... Шояд Ҷаҳоноро кори дуруст ҳам кунаду онро Ромиз нафаҳмад, шояд ин зани зебо дурандештар бошад ва ба ҳусни худ ғарра набуда, бошад, ки онро эмин нигаҳ дорад, шояд хоҳад, ки ҳусни зебояш аз ташвишу носозиҳо ва омезишу олудагиҳо барӣ буда, худ ҳаловате барад, шояд ягона чизе бошад, ки боиси ифтихор гардад ва ё диле дошта бошад, ки онро дигарон нафаҳмида ўро ранҷонанд ва худро азоб диҳанд ва ё бошад, ки ин зан умуман дар бораи ҳуснаш андеша накунад ва ё ба он ғарра набошад, шояд, чунон бошад, ки дили ўро ғайри худаш каси дигар фаҳмида натавонад: ба ҳар ҳол ба назари Ромиз ягона тобад ва ў розӣ ҳаст, ки рўзе як бор ўро бубинад; на барои рухбозию ишқварзӣ, балки ҳамту, бе ягон қилу қол: гўё Ромиз ўро бинад, тамоми рўз шод мегардад ва кораш барор ҳам мекунад, ҳоло ин чизро Ромиз ба ягон кас нагуфтааст, ҳатто ба худи Ҷаҳоноро, лекин донад, ки чунин ҳаст; танҳо дар мушоҳидаи худ ин чизро пай бурдааст; гумон ҳам кунад, ки намоише, ки меравад, ба туфайли ўст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо