Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин тавр бошад, масъала ранги дигар мегирад.»
Хуршед, ки ин латифаро борҳо шунида буд, нахандид, балки ин чизро ҳамчун ҳикмат қабул карда, ба андеша рафт: «Кирои гап надорад. Ва ман намедонам, ки одамӣ чаро ин қадар аз зиндаву мурда ва рўзгор андеша кунад; ба ростӣ, намефаҳмам; ин чиз кирои андеша надорад, то манаҳ соида ва мағз азоб дода андеша мекунӣ, ки умр мегузарад... Касони пухта ва лаззати зиндагиро чашида чандон ба худашон ва ба фарзандонашон бераҳмӣ намекунанд:
пайдо бикуну бихўр мегўянд, вале касони дигар ҳастанд, ки пайдо доранду вақти хўрданро ба умри худ дохил намекунанд. Пас нависанда чӣ лозим? Актёр чӣ лозим? Агар аз назари касе, ки «биёбу бихўр», мегўяд, нигарем, ин қадар ташвиш ба кӣ лозим?».
— Лозим нест... Осмону замин басанда. Дигар ҳама туфайлӣ.
Бадбинӣ ҳам нашавад; одамхўрӣ низ ҳам...
Хуршед ҳайрон монд.
Фикри Ромиз ба дигар тараф рафт, пиндор, тақдираш ҳамин шаб ҳал хоҳад шуд; ё ҳамин шаб ва ё ҳеҷ вақт.
— Ҳама хурсанд, Ромиз! – гўё мақсаду андешаи ўро пай бурда бошад, гуфт Хуршед.
— Аз чӣ ҳама хурсанд? – ҳоло ҳам майна ба фикр банд пурсид Ромиз.
— Аз «гуфтугўи» ту.
Ромизи рамузфаҳм пай бурд, ки гап дар бораи намоиши имшаба меравад, сар афшонд. Ў роҳ мерафт, бо Хуршед гап мезад, вале дар сару андеша намоиши имшабаро машқ мекард, такрор мекард. Раҳораҳ азоби намоиши яксоатаро кашид. Барои ҳамин арақи сару рўяш хушк нашавад..,
— Театр тайёр шудагист, Ромиз, – шишаи хомўшии тўлониро шикаст Хуршед.
— Шояд, – аз саҳна дур буданро дониста кўтоҳ ҷавоб дод Ромиз.
— Ба ту чӣ шудааст? – аз ҷавобу хаёлҳои ў маънӣ кашида пурсид Хуршед.
— Намедонам... маълум, ки аз саҳна дур шудаам.
— Хайр?
— Чӣ хел мегузашта бошад, мегўям.
— Мисли «Эзоп».
Ромиз баргашта ба ҳамроҳаш нигарист. Ва Хуршед чашмонашро аз нигоҳи ў гурезонда, қасдан рўй ба дигар тараф гардонд.
Ромиз, ки азоби моноспектаклро кашида буд, ўро фаҳмонданӣ шуд:
— Эзоп – дигар, «Гуфтугўи танҳоӣ» дигар...
— Мефаҳмам...
— Дарду алам, ки бояд дигарон фаҳманд... танҳо худат фаҳмӣ.

пешина
аз 428
навбатӣ