Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Рост, касонро вақте шиносӣ, ки корашон ба ту ва кори ту ба онҳо афтида бошад. Ҳамроҳро дар сафар ва дўстро ҳангоми тангдастиҳо шинохтан осонтар аст. Умуман барои Ромиз ҳеҷ чиз лозим нест, агар аз мардум шарм накунад ва агар аз таънаи онҳо малул нашавад, мехўраду мепўшаду мегардад; лекин одамон ин хел не... Худи Ромиз ҳам нафаҳмад, ки онҳо чӣ хел: баъзе барбод диҳанд, бархе роҳи пайдо надонанд, хоҳанд ҳам пайдо карда натавонанд: орзу кунанд; яке хештан ба мумсикӣ зада, ҷамъ кунад; дигаре ёфта тавонад, хўрдаю пўшида ҳам тавонад, саёҳатҳо равад, ҳавлию мошин харад... вале ба назари Ромиз, ки вомондатарин кас ўст: ба назари худ пешқадам, доро, давраоро, меҳмоннавозу дастархондор... лекин кас як бор ҳамроҳашон шинад, ихлосаш гардад; бемағз, ҳавобаланд... Ромиз чунин касонро бад бинад ва агар... не, Ромиз бо ин қабил касон шинухез накунад. Ў хоҳад, ки ҳар сифат боз часпаки «тоза»-ро дошта бошад. Лекин нагузоранд, ки кас бо хости худ ва мувофиқи ҳоли худ зиндагӣ бикунад. Ҳарфи Ҷаҳоноро ба вай сахт расид, хайрият, ки Саида набуд... Лекин барои чунин гап Ҷаҳонороро бад дида натавонад, балки ўро як ҳолдон донад; ҳам рўзгорашро донад ва ҳам корашро. Баъзан чунин мешавад, ки Ромиз худро нафаҳмад. Бачу кач гўяд, боз дар бораи Ҷаҳоноро фикр кунад; Саидаро аз ҳама болотар донад, боз ба ҷустуҷўю дидори Ҷаҳоноро равад. Магар хислати одамӣ чунин? Бо дода қаноат карда натавонад? Нафс – бало, нафс – ғор, нафс – аждари афсонавӣ ва ҳоказо, вагарна бани башар ин қадар худро ба балоҳо гирифтор намекард. Ромиз чандон баднафс нест, рафту андаке талаботаш зиёд шавад, муаллими адабиётро пеши назар меорад, ки ҳама вақт насиҳат мекард: «Дар одамӣ ду нафс ҳаст: нафси тагу нафси боло. Ҳар кас ин ду нафсро шикаста тавонист, одам шавад ва пеши роҳи ўро монеае набошад...» Ромиз бо ҳамин чиз талаботи худро фурў нишонад. Бо Ҷаҳоноро муомила карданро аз ин доира берун донад; нафс не... балки чизе ҳаст, ки худаш ҳам надонад. Ҷаҳоноро аз париҳои афсонавист; монанди зани Юнус-тўқсабо. Барои ин гапро ба Ҷаҳоноро гуфтан танбеҳ ҳам шунида буд, аммо намедонист, ин барои чӣ занак «Гаҳвораи Юнус-тўқсаборо ҷунбонида будед?!» гуфта ба ў муроҷиат кард.
Ва қаҳрӣ шуда рафт.
Ҳуҷраи танги Ромизро дуди сигарет фаро гирифт.. Дар гирди лампочка ғоз-ғоз гаштани дуди хокистариро дида, дароз-дароз дуди сигаретро фурў кашида, сар медод ва тамошо мекард, ки чӣ зайл дуд дар фазои хона печутоб мехўрад ва барои чӣ сўи лампочка равон мешавад... «Тамошобинон ангоранд, ки баъди намоиш барои худ чӣ зиёфате ороста бошам... Рўзгори актёрро андешанд»... Ў парида хест, то ба таваллудгоҳ рафта аз паси тиреза фарёд зада ҳамаро безобита карда, Саидаро як бор бинад ва баргашта осуда бихобад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо