Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо чунин ният Ромиз пуршаст баромад. Даричаи дарвозаро кушода буд, ки аз пас садои соҳибхона баромад:
— Саидахон читу?!.
— Нағз, Хола-мулло! Салом гуфт, аз шумо хеле миннатдор...
— Занатон зани нағз, муллоҷон, лекин...
— Чӣ Хола-мулло? – тоқат накарда гапи Хола-муллоро бурид Ромиз.
— Лекин дилам месўзад, ки шумо ўро куҷо мебаред... Ҷияни ман ҳам наомада-наомада, қасд кардагӣ барин ҳамин вақт хат навиштааст, ки...-
— Худо гўед, ки гўсола чаппа набиёяд, Хола-мулло...
Ромиз ё Саида ҳеҷ вақт ба соҳибхонаҳо беэътиноӣ накардаанд, аммо чӣ шуд, ки яку якбора Хола-муллои меҳрубон ўро чунин хабар расонд. Ромиз чизе нагуфта аз дарвоза баромад ва то сари кўчаи калон хандида-хандида рафт. Ва вақте охирин дуди сигаретро қуллоб кашида, восўхтаи онро даруни оби ҷўи ифлос андохт, пай бурд, ки мағзаш гиҷ шудааст. Ў тоқат карда натавониста боз сигарети нав ба лаб гузошт, майнаи гиҷашро дуруст карданӣ шуда, ҷунунвор ду-се бор сар афшонд ва танҳо ҳамин вақт донист, ки шаб аз шаб гузашта, дар кўчаҳо касе наметобад; танҳо сагони бесоҳиб гала шуда, ҳамдигарро пеш андохта, зуд-зуд миёни кўчаро бурида, ба ду тараф метозанд, ки гўё ҳукмрони шаҳр бошанд. Яке аз онҳо ба тарафи Ромиз чашм дўхта ғуррид ва боз гўё ки аз ҳамсафарон пас монда бошад, бори дигар дўғ заду рафт.
Аз хиёбони марказӣ садои зўрзании мошини «Запорожес» меояд.
Яқин, одамони роҳмондаро ба манзил расонад. Ромиз ин мошинро донад. Дар он ду ҷавон шинанд. Вақти кориашон аз соати яки шаб сар шавад. Аз як кўча ба кўчаи дигар гузаштанӣ шавӣ, «ду сўм те» гўянд. Ва ин мошинро ронандагони мошинҳои обпош, ки шабона вазифаи таксиро адо мекунанд, бад бинанд. Мери шаҳр мошинҳои обкашро сахт дошта, то онҳо кори худашонро кунанд, акнун барои «Запорожес» майдон васеъ шудааст... Умуман мардум нисфҳои шаб дар кўчаҳо чӣ кор мекарда бошанд?.. Ў гирди бинои таваллудхонаро чандин бор давр зад, аммо наёрист, ки дар ин ғояти шаб Саидаро фарёд карда шудаву бударо бигўяд.
Ҳам хуб гузаштани намоишро, ҳам гапи Хола-муллоро, ҳам чӣ кор карданашро ва чӣ хостани ўро низ бипурсад. Аммо фарёди тифлон ва ташвиши духтурону мошини ёрии таъҷилӣ, умуман талоши ҳаёти ин манзил Ромизро нагу зошт, то онҳоро безобита кунад ва ё Саидаи рамузфаҳмро нороҳат созад. На, ў нахоҳад гапи Хола-муллоро ба Саида гуфтан, зеро Саида Хола-муллою Муллоамакро аз падару модар кам надонад ва ягон бор аз онҳо ба Ромиз шикоят накардааст. Ромиз Саидаро надида баргашт. Ва аввалин бор ба ин хона дуздона даромад, гўё дигар ба ин ҷо иҷоранишин набуд, баъди гапи Хола-мулло худро бегона дарёфт, ғел гашту паҳлў, хобаш набурд.

пешина
аз 428
навбатӣ