Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Фаромўш кард, ки имшаб барояш беҳтарин шаб буд; шабе ки шояд аз хотири тамошобинон ҳаргиз наравад.
Паҳлў мегашт, фикр мекард, андеша дошт, вале домони ҳеҷ хаёлро гирифта наметавонист; парешонии хаёл ўро ба андешаҳои пешин бурданд, ки дар ин хусусҳо андеша доштанро фаромўш карда буд.
Ў намехост, ки аз набудаҳо фикр кунад; ба ҳама чиз, ҳатто ба зиндагӣ солим нигаристан мехост, андешаҳои ноҷои худ ва баъзе ҳамнишинон ба дилаш зада буд ва акнун ба зиндагӣ бо чашми дигар, ба гуфти Рўдакӣ «ба чашми хирад менигарист». Рост, инсон соли зиёд бинад, бемураббию бемуаллим ҳам ба баъзе чизҳо ақлаш давад: «Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир». Ромиз Рўдакиро дар мактаби миёна ва баъди он ҳам чандин бор хонда буд, аммо чуноне ҳолиё дарк кардааст, нафаҳмида буд.
Ўро хониши форами паррандаяк аз бистари нороҳат берун овард. Паррандаяк чунон мехонд, ки баҳор нав оғоз шуда бошад.
Ромиз ин паррандаи зебои хушхонро мешиносад: онро қанорӣ гўянд, хонишаш на садои булбулро монад ва на овози ҷўрро; савти худро дорад, чунин хонандаҳо аҳён-аҳён шаванд. Ин зайл санъаткорон ангуштнамоянд, барои ҳамин онҳоро ҳама ҳурмат кунанд, ҷуз ҳамкасбони беҳунар, ки қоил ҳастанду тан надиҳанд.
Ромиз ба шохи дарахт нигарист, ба гўшаи бом нигарист, паррандаяки хушхонро пайдо накард; лаҳни онро шунида, тахмин кард, ки дар шоҳи дарахт, аммо ба чашм нахўрад. Ин паррандаи худӣ, ҳар гоҳ дар шохсор хонад, аз ягон ҷо парида наомадааст, ки зуд равад, рўзе хоҳад дид, ҳоло рафтанист, ба назди кабки зебои худаш Саида. Ба ростӣ, Саида мисли кабк қаламқош аст, аммо Ромиз ба он чандон эътибор намедиҳад, зеро донад, ки мурғаки зебо аз они ўст. Вале ҳоло аз чӣ бошад, ки баъди хондани қанорӣ Ромиз на Ҷаҳонороро ёд овард, балки Саидаро дидан хост, ба кабк монанд будани ўро аввалин бор аз дил гузаронд ва баробари шафақи офтоб аз дарвозаи ҳавлӣ берун шуд...
— Муллоҷон! – аз тангкучаи паҳлў садо кард Хола-мулло.
Ромиз чӣ гуфтанро надониста, ба Хола-мулло нигарист. Дар дасти ў дар як банкаи калон шир буд.
— Муллоҷон, ин қадар барвақт куҷо меравед?
— Саидаро хабар мегирам, Хола-мулло.
— Ҳа-а, ин хел ширин мешавад.?. – шўхиомез туфт Хола-мулло.
– Сабр кунед, муллоҷон, атола мебаред.
— То атола пухтан гашта меоям.
— Атола тайёр, ин шир барои пагоҳ...
Ромиз чӣ гуфтану чӣ карданро надонист ва таги дили ўро намефаҳмид, ки ўро аз хона бароварданӣ, боз ин қадар ғамхорӣ дорад.
Офтоб теғ накашида ба дари таваллудгоҳ ҳозир шуд. Медонист, ки барвақт, оварда қабул накунанд, боз аз зери тирезаи пушт рафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо