Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ҳеҷ натавонад, ки он касеро, ки пешопешаш меравад дарёбад ва чаро он кас аз Ромиз гурезад, нафаҳмад: магар қарздор аст ва ё барои Ромиз чизе гуфтанисту гуфтан натавонад ва ё нахоҳад ва дар қасди ҷони ҷавонмарду фурсати боб наёбад; ба ҳар ҳол Ромизро азоб диҳад, парешон созад ва ба ташвиш гузорад...
Вале ҳоло садои шинос, садои шиноси тифлона, ки гўё аз дили ў ба гўшаш омад, ҳама чизро аз хотири ў рабуд, ба худ овардаш.
Ромиз табассум кард ва баробари аз дар баромадани Саида хуррам гашта ба пешвозаш рафт: Саида дари баромадро дошт ва момодоя парпечро баровард. Ромиз тохта гулдастаро ба Саида дод, ки барои момодоя пешкаш кунад ва тифли парпечро аз дасти момодоя гирифт. «Ташаккур, бисёр миннатдор!» изҳор кард ба момодоя.
«Ҳеҷ гап не, вазифаамон, садсола шавад!» дуои хайр кард ў.
— Ҳамин қадар тифлонро бароварданд, ором, баччаи шумо бо фарёд мебарояд, – ҳазл кард Ромиз.
— Аз ҳаёт умеди зиёд дорад, дадеш. Барои он ки плон иҷро шавад, аз ҳозир бояд даъво кунад, вагарна дер шавад, – дар ҳазл паст наомада гуфт Саида.
Ромиз «ҳа» гуфту монд ва ба парпечи тифл нигарист. Лагандаҳои чорхонаи парпеч ва матои назаррабои куртачаи нилобӣ диққати ўро ҷалб карданд. «Даруни парпеч чӣ махлуқе бошад»
аз дил гузаронд ў ва андешаю хаёлҳои андаке пеш дар ин хусус кардаро ёд оварда ба пеш қадам гузошта буд, ки ба гўшаш садое омад:
«Ум-бак, ум-бак-бака, ум-бак!»
Садо аз паси хоначаи телефон-автомат меомад. Саида ин садоро шунида, андаке пои рафт боздошт. Ромиз овозро шинохт ва барои ҳайрати Саидаро бартараф кардан «Инҳо – девонаҳо» гуфт ва Саида ҳайронтар шуд, ки девонаҳо киҳо бошанд. Сонӣ аз паси хонача Хуршед баромад ва бо ҳамон оҳанг «Муборак-муборак, муборак-муборак!» гуфтан гирифт. Ромиз низ ба ҳамон савт ҷавоб гуфт: «Ташаккур-ташаккур, ташаккур-ташаккур!» Саида механдид.
Хуршед гулдастаро ба Саида дароз кард. Ҳамин вақт се нафар аз мошин баромада, табрик гуфтанд ва ба мошин хонданд. Саида тифлро бағал гирифта пеш нишаст. Дар пас чаҳор нафар нишастанд. «Омин – садо баровард Хуршед, – Ин тифл чунон серёру дўст шавад, ки дар хонааш ва дар мошинааш рафиқони нағзаш ҳамин зайл тира-тира шинанд».
«Ташаккур» гуфт Ромиз. «Миннатдор!» изҳор кард Саида.
Ромизро ҳеҷ гоҳ дил чунин кушода нашуда буд. Мисли кўдаки аз тўҳфаи хостааш ба завқ омада.

пешина
аз 428
навбатӣ