Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Мошини Ҳамза онҳоро то дари ҳавлӣ овард ва хизмат адо карда, Хуршеду Соҳибу Раҷаби гачакзабонро бозпас бурд. Магар соҳибаи хона омадани онҳоро нигарон будааст, ки баробари тифлро гирифта аз дарвоза ворид шудан «Вой ман мурам, як даҳан нагуфтед, ки ҷавоб медиҳанд, ман ҳам мерафтам, худи бесоҳибҳо барин келин-муллоро овардед» дилсўзӣ кард Хола-мулло.
— Танҳо не, Хола-мулло, як мошин одам, – гуфта аз паси мошини хазида рафта ишора кард ў.
— Бе ман овардед, – гуфт ў ва ҷониби Саида даст дароз кард.
– Ман мураме, ҳарчӣ сиҳату саломат халос шудед... Муборак шавад!
— Ташаккур, Хола-мулло, сарам ба осмон расид.
— Гўр ташвиши дунё шавад, ки ба шумо расида натавонистам.
Аз дасти ин мўйсафед...
— Ташаккур, Хола-мулло, нағзӣ ҳамин кадар мешавад. Ҳар бор писаратон саломи шуморо мерасониданд. Мо надонем...
— Вой ман мурам, чӣ нағзӣ кардем, ки...
Ромиз ҳайрон буд, намедонист, ки ба суханони ин занак чӣ гўяд? Ба кадом гапаш бовар кунад. Дирўз ҳуҷраро холӣ бикун мегуфт, имрўз «ман мурам» мегўяд. Ў гап намезад, ранҷида менамуд; дар асл андеша мекард, то чӣ кор бикунад, Хола-мулло тифли навзоди ўро аз даргоҳаш наронад. «Марҳамат, Хола-мулло!» дари ҳуҷраро кушода гуфт ў.
— Бисмиллоҳи... – аз дар қадам мондан баробар фиғони Холамулло баромад: – Вай-вай-е, чӣ хел ин хона хунук?
Саида ба Ромиз нигарист, Ромиз чӣ гуфтанро надонист.
— Омин! – даст бардошт Хола-мулло. – Қадам расид, бало нарасад! Оллоҳу акбар! – даст ба рўй кашид ў ва илова кард:
– Хезад, хезед, келин-мулло, шумо ҳоло ҷавон, намефаҳмед, бадани ману ана ин тифл як хел, ба хунукӣ тақат надорад. Ку бихезед, ё бисмиллоҳи... – тифли парпечи болои диван гузоштаро озод бардошта гуфт Хола-мулло ва ба падару модараш ҳам нигоҳ накарда, хонааш бурд. Вале Ромизу Саида чӣ маслиҳате доштанд, ки дер омаданд. Ромиз гапҳои Хола-муллоро ба Саида нагуфт. Холамулло аз дер омадани онҳо парешон шуда, дари айвон кушода, баргашта берун омад. Муддате баъд Саида рўймоли шоли сиёҳ ба сару гардан печида пайдо шуд.
— Вой, Хола-муллоҷон, нигоҳ карда истодаед? Бубахшед!
— Ҳеҷ гап не, як нафас дошта истед, – парпечро ба дасти модар дод ва ба ошхонаи аз ҳисоби айвон сохта даромада, нўги ангушт ба орд зада баромад ва суфи рўи тифлро бардошта «сафедбахт шавад...» гўён пешониашро сафед кард ва дари хонаи калонро кушода хонд: «Марҳамат келин-мулло, хонаи худатон».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо