Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Матбахӣ Зафар – писари Абдусамади раҳматӣ ба табақи сафол аз зирбаки ош каме бардошта омад. Ҳамза сари рулро баҳона карда канор рафт. Дигарон баробари лаълиро сўяшон дароз кардан стаканҳоро гирифтанд. Хуршед стаканро боло бардошту сарашро хам карда, гўё сарпўши стакан гардонд ва якҷоя сар боло карда, арақро ба ҳалқаш рехт: ту дидию ман надидам. Дигарон росто стаканҳоро холӣ карданд ва аз табаки дасти Зафар пора-пора гўшту зардҷомаи бирён гирифта, баробар нимдоира гашта, ба даҳон андохта, ҳар тараф қадам заданд. Артистҳо! Гўе ки онҳоро ба ин кор машқ дода бошанд...
Ромиз лом нагуфта сўи қафасҳо равон шуд. Паррандаҳо пар доранду напарранд, ҳайвонҳо пой доранду надаванд. Ромиз хуб гашт, ҳама чизро тамошо карда ва ба се чиз диққати махсус дод:
ба ғизоли зебо, ба маймуни одамчашм ва ба мори бадафт. Ва дергоҳ назди қафаси мор истода ба хаёл рафт, ки чаро ин думдарози бадафтро ба душман ташбеҳ диҳанд, чаро ин чизро дар хоб бинию ба ту зарар орад, аз душман мағлуб гардӣ ва агар онро бикушӣ, бар душман зафар ёбӣ ва чаро бадафт некиро надонад?
Сонӣ ҳикояте ба ёдаш омад: «Роҳгузаре садои нола шунид, ки аз миёни хирмани оташ меомад. Хуб нигоҳ кард, ки море миёни оташ монда ва роҳи баромад надорад. Мусофир халтаеро ба нўги асояш баста дароз кард. Мор даруни халта даромад ва мусофир онро бардошта гирифт ва бар дўш дошта сафар давом дод. Ва ба ногоҳ дар баногўш нафаси морро ҳис кард, ки ўро заҳр задан мехост. «Ин чӣ мукофотест?» қасди морро пай бурда, пурсид мусофир. «Неши ақраб на аз баҳри кин аст, муқтазои табиаташ ин аст» ҷавоб дод мор. Роҳгузаре моҷарои онҳо дида наздик омад ва сабаби манша пурсид. Мусофир ва мор воқеаро гуфтанд... Роҳгузар ба мор рў овард: «Ман аз гуфтаи шумо чизе нафаҳмидам.
Ку, ба ман бинамо, чун даруни халта шуда будӣ?» Мор, то аз ғурур нафарояд ва ҳақ будани худро исбот бисозад, бори дигар ба халта даромад. Роҳгузар даҳони халтаро баст ва пайваста бар замин мезад, то даме ки мор даруни халта бимурд»... Мори даруни қафас низ ҳалқа зада, карахт хобад, нафрати кас орад. Мўи сари Ромиз баланд шуд ва ба танаш мурғак давид. Дасте ногаҳон ба китфаш расида ўро тарсонд. Баргашта Хуршедро дид ва «Коре кардӣ, то ош нахўрам» гуфт...
7
...Ромиз куҷо рафтанро надониста, бо пайроҳае ки арчаҳои ду тараф ба ҳам омада, долони сабзе сохта буданд, қадам зад.
Шиками гурусна ўро каммадор гардонда буд. Дуди сигарет дар даҳонаш талхтар шуд, роҳи нафас мегирифт. Ба назараш, маймуне пешопеш ўро масхаракунон мерафт. Ромиз ба ин ҳайвони безеб наздик шуда бадиққат нигоҳ кардан хост, ки маймуни даруни қафас набошад, ки ба масхараи ў сар дода бошанд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо