Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале Ромиз зуд пай бурд, ки ин фиреби назар аст... Гум шуд, маймун гум шуд, аммо лаҳзае нагузашта ба ҷои он як симои шиносу ношинос пайдо шуд, ки дер боз Ромизро аз паси худ овора дорад. Ин симо барои он шинос, ки аз паси сараш ба кадом каси наздики Ромиз монанд, барои он ношинос, ки рўяшро нанамояд, то Ромиз бинад, ки кист, вале чунон дилпур аст он шабаҳ, ки хоҳ-нохоҳ Ромизро аз паси худ барад. Ромиз гуруснагӣ фаромўш кард, гўё шабаҳ хизмат адо кард, акнун гум шавад, боз ў гурусна монад...
«Монанд, монанд, монанд... Ромиз!» фарёд дорад дили ў. Ҳо дили Ромиз фарёд дорад, ки шабаҳ ўро монанд, лек чаро ўро сахт овора кунад? Нафаҳмад... Ё инсон чунин махлуқест, ки худро як умр овора бикунад... Ромиз мижа зад ва шабаҳ аз назар гум шуд. Ў сар афшонда, дурусттар нигоҳ кард, ки чашмонаш ўро бифиребанд ва ё дар ҳақиқат чунин аст? «Салом, Ромиз! Чӣ ҳол дорӣ?» «Куҷоҳо гардӣ, чаро камнамоӣ?» «Ҳай Ромиз, Ромиз, дўстонро фаромўш кардӣ-ку?!» «Ҳоло ҳам ту овора? Кўчаҳо мегардӣ?» «Гумони ман, ки боз хондан рафтаӣ!» «Риш мон, Ромиз, риш, худатро қаландар бисоз!»... Ромиз сар афшонад, ба гўшҳояш бовар накунад. «Наход ки дўстон ҳамин хел сўҳбат кунанд...»...Боз ба назари Ромиз ҳамон шабеҳи ошно тофт, ки зинаҳои дари Комитети Иҷроияро мебаромад. Ромиз бозистод. Ў низ бозистод, Ромиз қадам зад, ў низ қадам зад... Айнан. Гўё рў ба рўи Ромиз оинаи барқад гузошта бошанд, айнан нишон бидиҳад. «Чаро? Чаро ба он ҷо? Касе маро даъват накардааст...» Даъват накарда, аммо қуввае Ромизро он сў кашад. Ў нигарист, то он сурат дари Комитети Иҷроияро чун кушояд. Хеле бодиққат нигарист; шабаҳ гўё об шуда ба шишаи дар табдил ёфт ва дигар нанамуд... Ромиз аз таваккул дарро кушода даромад, аз назди милисионери навбатдор гузашт. Ў ё надид ё Ромизро коргари ҳамин идора пиндошта ҳеҷ чиз нагуфт. Ромиз ба ошёнаи боло баромад ва назди дари раис хеле андешид ва баъд чӣ ҷуръате пайдо кард, ки оҳиста дарро кушода зеҳн монд.
Дар даҳлез духтараке менишаст. «Раис ҳастанд?» пурсид Ромиз.
«Ҳастанд. Хизмат?» «Наздашон даромаданӣ...» «А-а, имрўз рўзи қабул не..» «Як пурсед, агар иҷозат диҳанд». Котиба бо тааҷҷуб ба ў нигарист ва дилам-нодилам назди раис даромад. Баъди чанд муддат баромада сар ҷунбонд, то дарояд.
— Ҳа, Ромиз, биё! – ба курсӣ баҳузуртар нишаста гуфт раис.
Ромиз аз чунин сухан ва муомилаи хуш шерак шуда қадам тез кард ва ба салом даст ёзонд...
— Рўдакӣ шудӣ, мегўянд, муборак шавад. Таърифат зўр...
— Таърифҳо аз беамакӣ, муаллим.

пешина
аз 428
навбатӣ