Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гаҳворабандони Фарзонро ҳамин хел гузарондан намехоҳад-ку?
Не-е-е!!! Фарзонро ман худам тўй мекунам! Лозим не!
Ромиз девонавор ҷониби хона тохт. Чунон пуршаст тохт, ки мисли дарранда Фарзонро аз дасти Мулло-амак чанг зада гирифта ва бо ҳамон шаст аз ҳавлӣ бадар рафтанист... Вале шабаҳ пеши роҳи ўро гирифт. Вай ногаҳонӣ пайдо шуд ва чунон суст қадам зад, ки пояшро касе пас кашида бошад. «Ин кори хуб не, кори хуб не, кори хуб не!!!» болои сарашро мавҷ зада гузашт ин садо.
Ромиз низ қадам суст кард. Намехост, ки аз шасташ бозмонад, аммо пойҳояш ба ў итоат надоштанд. Гўё дар пояш таноб баста касе пас мекашид... Шабаҳ гум шуд. Ромиз боз тезтар гашт. Шабаҳ пайдо гашт. Боз пеши роҳи ўро гирифт, гашташ боздошт. «Ҳозир...
ҳозир... ягон гап мешавад... сарам... дилам...»
«Ҳува-ҳува-ҳува-ҳува!!!»
Вале Ромизро на шабаҳ, балки тамоман каси дигар боздошт.
Касе, ки тақрибан як сол боз надида, пазмони пазмон шудааст.
Ҷаҳоноро. Баробари дарвоза кушодан Ҷаҳонороро даруни дарвоза дид ва сурат гашт. «Муборак шавад!» садои Ҷаҳоноро ўро ба худ овард. «Чӣ хел Фарзонатон дўстрўча шудааст...» «Фарзони ман?», «Не, Фарзони ман...»
Ромиз ба худ омад, шабаҳ ба назараш натофт, хаёлҳо аз сараш дур шуда буданд. «Шабаҳ ту ҳастӣ ё худи ман?».
— Лаббай?
— Ин қадар камнамо?
— Рўзгор, бачу кач... Худатон медонед, ки ман дар хона ҳам мард ҳастам ва ҳам зан.
— Барои ҳамин кас бо шумо чӣ хел муносибат карданро намедонад.
«Оҳ, чӣ қадар ноошноӣ, Ҷаҳоноро, чӣ қадар пухта, мураккаб, сипо, доно ҳастӣ... Туро фаҳмида нашавад, дили туро дониста нашавад. Мани сода гумон кардам, ки роҳи маро мепоӣ...»
Рост. Аз муносибатҳо ў чизе фаҳмида нашавад... Мураккаб...
Як бор «Фарзон – писари ман» гуфту монд. Ва имрўз ба гаҳворабандонаш омад. «Кори хуб кардаанд, ки хабар кардаанд». Савдои сари Ромиз зиёд шуд. «Боз бо Саида сўҳбат кунад, дар бораи ман ҳарф зананд: ў гўяд, Саида гўяд; Саида гўяд, ў гўяд... Сонӣ чӣ?
Худашон ба хулосае оянд, баъд Саида аз ман пурсад; пурсад, ки ман бо он зан чӣ муносибат дорам ва чаро дар бораи ман бисёр гўяд? Ҳамин тавр пурсад ў... Росташро гўям. Росташро... ки чӣ зан будани ўро нафаҳмидаам, ба ман чӣ нигох кардани ўро надонам ва ба худи Саида чӣ мегўяд, бехабарам...» Ромиз хаёл мекунад, хаёл мекунаду баъд ба хулосае меояд ки беҳуда – ҳамааш беҳуда.
Барои дупула гап, барои хаёлҳои пуч ба сараш дард бор кунад.
Ҳол он ки мақсади ў дигар: аз доманаҳо сўи қулла рафтан. «Овезӣ, ба дори баланд овез». Барои чунин мақсаду мурод ба ҳамкасбон ганда шуд.

пешина
аз 428
навбатӣ