Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Худашон мекунанд. Ягон чиз лозим бошад, мегўянд. Ту аз паи корат шав. Омин!
8
«Ба кӣ мемонад ҳамаи ин?» сухани Мулло-амакро ёд меорад ў ва андешаи худро такрор мекунад: «Чӣ мемонад? Аз кӣ чӣ мемонад?» Андешаи ў ҳамин аст. Аз ин рў, ба нависандагон ҳасад мебарад; ба нависандагони пурқувват; ба касоне, ки ҳамту – осон менависанд, эътибор ҳам намедиҳад. «Мурод аз навиштан ба мардум ягон чизи ибратбахш гуфтан бояд бошад; навишта натавонӣ, Рўдакиву Хайёму Фирдавсиву Ҳофизро хонда фаҳмон» андеша мекунад ў. Баъд чашм пўшида, фикр – мекунад, ки боз менависанд, шеъри онҳоро хонда, менависанд... «Ҳазору як шаб», «Шоҳнома», «Гулистон»-ро мехонанд, боз менависанд... Қоил. Ба ҳамин хел касон қоил... Акнун ў дарк кард, ки чаро нисфи адибон ва касоне, ки адиб нестанд, песа менависанд. «Оё ҳавас нест? Оё худфиребӣ ё мардумфиребӣ нест?... Не, мардумфиребӣ не, худфиребӣ... Мардум медонанд, чиро хонанд, чиро тамошо кунанд. Дар тамоми тахтаю деворҳои шаҳр нависӣ, ки биёву песаи «Ҳараҷу мараҷро» тамошо бикун, агар дилнишин набошад, касе наояд. Лекин бо лавҳаҳои деворҳо худро фиреб додан мумкин аст... Танҳо худро, худи сода, гўл, бузургманиш ва шўҳратхоҳро...»
«Ҳува-ҳува-ҳува-ҳува!!!» як садое, ки ба садои ягон чиз монанд не, болои шаҳрро такрор шуда гузашт. Ромиз нафаҳмид, ки ин садо чӣ садое буд. Ба ягон садои Ромиз шунида наздикие надошт ва ҳеҷ чизро ифода намекард. Шояд садое набуду ба гўши ў кадом оҳанги осмонӣ бархўрд, ки ҷуз ў касе нашуннд. Ромиз ба осмон нигарист, ки ягон мўъҷизаи техникӣ гузашта бошад, вале чизеро надид. Ба одамон нигоҳ кард, ки аз ин садо ба чӣ ҳол омаданд, аммо касе парво надошт, ки садо буд ё набуд... Набуд. Касе ҷуз Ромиз онро нашунидааст, пас, набуд. Ў бо кафон гўшҳо пахш кард ва бозгирифта гўш дод, ки он садо такрор мешавад ё на...
«Ҳува-ҳува-ҳува-ҳува!!!» тақлид кард ба он садо Ромиз ва пай бурд, ки ин садо он садо не, наздик ҳам не, монанд ҳам не. «Ҳува-ҳуваҳува-ҳува!!» Кўҳ нест, ки садо акс андозад, ин чӣ бошад? «Ромиз!»
номи худро гирифта садо дод ў. «Боз васвос нашуда бошӣ?». Боз он садо такрор шуд ва иловае ҳам дошт: «Ҳува-ҳува-ҳува-ҳува, ҳаҳ-ҳа-ҳа!!!» Гўё кадоме барои тўи имшаба микрофонеро тафтиш кунад ва санҷад, ки садо барорад ё на... Ин ҳамин. Дигар чиз шуданаш мумкин не. Кадом каси нияткарда ба орзу расидан хоҳад, хоҳад, ки тўй бикунад, ҳофиз орад ва садои микрофон то охир баланд кунад, то тамоми шаҳриён ва ҳатто музофоти он фаҳмад, ки фалонӣ тўй дорад; писар... Кӣ он кас? Мулло-амак не-ку?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо