Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саида надонист, ки гапи ўро чӣ хел фаҳмад. Пичинг ё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст.
— Ин аз кадом песа? – кунҷкобӣ кард ў.
— Аз песаи «Хонабардўшон».
— Нав?
— Нав. – Саида ҳарчанд фикр кард, ба ёдаш наомад, ки асари кист, аммо ваҷоҳати Ромизро дида, муаллифашро напурсид.
«Угроро хуред» гуфту баромад ва дере нагузашта як чойник чой оварда, дид, ки Ромиз ҳоло ҳам угроро нахўрдааст.
— Мулло-амак мегўянд, ки шабҳо дароз, муллоҷон як дам омада, шинанд.
— Хоби муллоҷон бурдааст, гўед...
«Ту ин хел набудӣ-ку, Ромиз?» ба шавҳар нигоҳ карда аз дил гузаронд ў. «Образи марди ҷиниро бозӣ мекунам. Песаи «Хонабардўшон»... Чӣ ҳарфе дар дил дорӣ, Ромиз... Чӣ ҳарф? Худат донӣ... ё ман айбдор бошам?..»
— Ромиз!
Ромиз ба садои зан ҷавоб надод, балки нигоҳ кард, нигоҳ кард, ки Саида чӣ ҳарфе дошта бошад, гўяд.
— Мардум, алалхусус, занҳо дар бораи ту бисёр ҳарф зананд.
— Чӣ гўянд?
— Ман гуфта натавонам, Ромиз.
— Кӣ гуфта тавонад?
— Ана вай-муаллима...
Ба назараш, ки парида хест... ба назараш. Аммо худро чунон бепарво вонамуд, ки аслан он занро нашиносад, вале дилаш ба тапидан даромад. Сонӣ арақ пахш кард...
— Ман як муаллимаро шиносам, муаллимаи нурониро...
— Рост гўӣ, Ромиз, нуронӣ... ҳусни зан аз ин зиёд нашавад.
— Ту чӣ ин қадар ба гўши ман сафсатта мехонӣ!? – садо баланд кард Ромиз.
— Чӣ сафсатта гуфтам, Ромиз?
— Нуронӣ, зебо... бошад ба худаш... Ман як муаллимаи нурониро медонам, ки касе ба ў баробар шуда натавонад...
Саида ба рўи Ромиз нигарист, ҳайрон нигарист. Дар чашмони ў ашк ҳалқа заданд...
Ромиз берун баромад. Аввал шаб ба назараш қатронӣ намуд, баъд оҳиста-оҳиста равшан шуд, гўё дар ҳар кўча ба навбат чароғ афрўхтанд. «Муаллимаи нуронӣ... Саида чизеро пай бурдааст, вале нахоҳад гуфта, маро ранҷонад. Ҳар бор дар борааш ҳарф мезанад... Чаро ин тавр?.. ё Ҷаҳоноро... Бовар надорам, чунин зан иғвою дасиса кунад, бовар надорам. Агар суханонаш нисбати ман дуруст бошанд, чунин рафтор накунад... ё аз сар шонаю аз так фона?... Ҳуснаш ба худаш зебанда... ё ҳусни ўро дар назар дошта рашк барад...

пешина
аз 428
навбатӣ