Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Наход, наход, ки ту рашк барӣ, Саида? Бесабаб. Ягон сабаб медошт... Ягон гуноҳамро медидӣ, ё нигоҳамро. Ҳар гоҳ ки дар хонаи Мулло-амак нишаста бошем, на ў нигоҳ кардааст, на ман. Лекин ин андеша, ин хаёл аз куҷо дар сари ту пайдо шуд?
Ё кори Хола-мулло? Не-е... ў ин хел зан нест. Касеро аз рў нур борад, имон дорад. Ў чунин корро накунад, ақаллан ба хотири Мулло-амак...» Баъд ба хотираш зад, ки ба Саида садо баланд карда баромад. Аз роҳаш гашт. Гўё ҳама ҳарфи дилашро гуфта ба худ омад, инак баргашта аз Саида узр мепурсад; узр мепурсад, ки дар ин кор ў гунаҳгор нест; гунаҳгор... кӣ, чӣ? Андешаҳо гунаҳгор, гумонаш гунаҳгор, рафтораш гунаҳгор... ҳо, аз ҳама зиёдтар рафтораш – ситезааш. Ромиз гоҳ-гоҳ ба ҳаяҷон омада, садо баланд мекард, мушт мебардошт, касеро – каси бефаҳм, нопок, шайтон, разил, қаллоб ва даюсро, ки дидаю дониста сиёҳро сафед гўяд...
рост, чунин касонро, ки барои нафс ё боз ягон чизи дигар хиёнат кунанд, хафа мекард, сурхнояшро меканд, ба рўяш туф мекард, сахт менигарист, заҳрханда мезад... Вале афсўс, ки ҳамааш дар хаёлаш... Ҳамин хел корҳоро хаёлан мекард. Дар ғазаб мешуд, арақ мекард, алағда мегашт... Лекин ҳозир пушаймон, пушаймон, ки чаро ба Саида овоз баланд кард; ба Саидае, ки ҳамагуна инҷиқию гарданшахӣ ва якравиҳои ўро бардорад, тоб орад. Ў дарк кард, ки аввалин бор ба одам садо баланд кард, боз ба наздиктарин кас, ба касе, ки аз ҳама хубтар рафтору гуфтори ўро фаҳмад... То алвақт Ромиз зуъм мекард ё ҳар маъниро бо ишораю рафтор фаҳмондан мехост, вале дид, ки ин кор намешавад, гуфтан лозим, овоз баланд кардан лозим, сахт гуфтан лозим, ҳама сухани нарм, ишораро намефаҳмидааст; ситеза, киноя, пичингро намефаҳмидааст, барои ҳамин кас маҷбур мешавад, ки сахт гўяд, баланд гўяд, ба оҳанги ҳақорат гўяд... он гоҳ... он гоҳ... Лекин чаро ҳамаи ин чизро дар сари Саида таҷриба кардан лозим бошад, Ромиз нафаҳмид... Пушаймон, сахт пушаймон.
— Шуморо Мулло-амак мунтазир, – баробари аз дар даромадани Ромиз табассум карда гуфт Саида. Ва Ромизро кушт, бо чунин табассум, дилкушодӣ ва муомила Ромизро кушт. Ў ба рўи Саида муддати зиёд ҳайрон нигоҳ кард; «Ту хафа шудӣ, гуфта аз роҳам гаштам». «Не» сар ҷунбонд Саида аз нигоҳи Ромиз рамуз гирифта ва Ромиз ҳамин ҷо ҳам қоил шуд, ки Саида фикри ба сар омадаи ўро фаҳмид. «Агар ту монанди зани Соҳиб мебудӣ, ҳоли ман чӣ мешуд? Шояд хубтар мешуд? Шояд ту маро ба даст мегирифтӣ ва ман барои ту шуда худамро ба ҳар ҷо мезадам...
пул гуфта ҳамакора мешудам... ва он гоҳ...»
— А, Саида?
— Чӣ?
— Мулло-амак чӣ гап доштаанд?
— Надонам, ғусса...

пешина
аз 428
навбатӣ