Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ромиз як қад парида боз ба Мулло-амак нигарист. Суханони ў таҳдор; Ромизро гоҳ ором кунанд, гоҳ ба изтироб оранд, гўё аз кадом ҳодиса огоҳ карданӣ; чунон ҳодиса, ки онро худи Муллоамак ҳам мехоста бошад: На, гоҳ хоҳад, гоҳ на... лекин Ромиз надонад, ки ў чиро дар назар дорад...
— ...Шарт нест, ки кас фақат бо хўрдану хуфтан шод бошад.
Инсон бояд дар ношодиаш шодӣ ҷўяд...
«Ба ман дахл дорад. Рост, ин ҳарф рост. Ман тавонам, ҳама умр худро шод нигоҳ дорам, артистӣ карда, ба чашми худам хок зада, виҷдонро фаромўш карда, хуррам гардам. Чунон ки мардум дар бораи артист ҳамин хел гумон доранд... Тавонистан лозим.
Гумони мардумро амалӣ кардан лозим, худро шод нигоҳ доштан лозим...»
— ...Шумо ҷавон, ҷангро надидаед, (илоҳӣ набинед) ана дар он ҷо кас ҳама чизро ҷўё мешавад: аз даруни марг ҳаёт меҷўяд, дар мағлубиятҳо зафар мекобад... Ман ду ҷангро аз сар гузаронидам; Ҷанги гражданӣ ва Ҷанги Ватаниро... Мана аҳволам. Худат мебинӣ. Лекин ҳар боре ки рўзи Ғалабаро ҷашн мегиранд, ман тасаввур мекунам, ки дар минбар ҳастам ва ҷониби парад даст меафшонам. Чаро не? Худат фикр бикун: ман ба ин чиз ҳаққу ҳуқуқ дорам ё не?.. Дорам-а? Барои ҳамин кас бояд пешомадро андеша кунад, вале гузаштаро аз ёд набарорад, ба қадри имрўз расад...
Писарам, нагўӣ, ки ман туро барои насиҳат ҷеғ зада бошам. Не.
Ман кӣ будани туро ва чӣ қудрат доштанатро медонам... Аминам, ки худат ҳам ин чизро медонӣ, вагарна ин хел рафтор намекардӣ.
Худро донистан, ба қадри худ расидан илми баланд аст.
Суханони Мулло-амак Ромизро хуш омада бошанд ҳам, сабаби ин ҳама ҳарфро намефаҳмид. Намефаҳмид, ки барои чӣ Муллоамак суханро аз Ҷаҳоноро сар карда, дар бораи ҷои машқ гуфта, ҷангрр ёд оварда ва «ҳама»-ро ба фаросоти ў ҳавола карда, хомўш монд. Ромиз мунтазир буд, ки ў боз ягон чиз мегўяд: саргузашт ё ҷангнома. Вале ў хомўш. Сар хам кард. Ё суханаш тамом шуд ё аз гуфта пушаймон.... Боз сар бардошт:
— Ман медонам, ки ба ту ин суханҳо лозим не...
— Барои чӣ, Мулло-амак?
— Бисёр шунидаӣ, бисёр хондаӣ, ҳамаро донӣ... Хайр... Ёдрас кардан зарар надорад...
Хола-мулло дастархон оварда болои хонтахта густард ва ба Ромиз зеҳн монда гуфт: «Парҳезатон гузашт, муллоҷон?»
— Шўхӣ буд, Хола-мулло, ман аз бало наметарсам...
— Илоҳӣ ҳамту бошад...
— Хайр, чӣ гуфтӣ, писарам? – гўё ба сухани зан аҳамият надода, пурсид Мулло-амак. – Хоҳӣ, хона, хоҳӣ, толор...

пешина
аз 428
навбатӣ