Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дили ў хоҳад, ки назди Мулло-амак дарояд... Сўҳбат кардан хоҳад, саргузашти ў, қиссаҳои ҷангии ўро донистан хоҳад. Ромиз саргузашти Ғиёсро пора-пора шунида буд, ният дошт, ки навишта гирад... афсўс... Ва ҳоло ки имконият ҳаст, ў бояд саргузашти пирамардро шунавад...
... Ромиз баодобона салом карда даромад ва Мулло-амак дастон ба замин тира карда, ковок шуд, ки ба пешвози ў, ба эҳтироми Ромиз мехеста бошад. Ромиз донист, ки Мулло-амак наҷунбад, хеста натавонад, бо вуҷуди он «Наҷунбед, Мулло-амак, наҷунбед!»
гуфта саросема хам шуда, дасти салом дароз кард.
— Биё, писарам, биё, бишин, – паҳлўяшро нишон дода гуфт пирамард. – Хабар намегирӣ, писарам?
— Серташвиш шудам, Мулло-амак...
— Шунидам, ман хурсанд... Лекин ту аз чизе ибо карда, баъзе чизҳоро намегўӣ, наход дар хонаи ман барои ту ҷой ёфт нашуд, ки машқ бикунӣ... Ана хона, ана толор, ана айвон... куҷо ки маъқул бошад... лекин ин хел накун – аз ман, аз Хола-муллот шарм накун.
Гап якта, худо якта: писарам гуфтам, писарам... Агар маъқул не, ба инҳо халал мерасад, гўӣ, мошинро рўи ҳавлӣ барору ҳамон ҷоро бароят театр бикун... Ман артист набошам ҳам, мефаҳмам; ба қадри артист мерасам; дар театр кор накарда башам ҳам, медонам, ки аспро майдон ва ҳунарварро саҳна лозим аст... Боз гумон накунӣ, ки касе чизе гуфта бошад. Не. Худам медонам, худам мефаҳмам.
Ту ҳам дар дилат мисли ман раҳм дорӣ. Ин хел касон якдигарро зуд мефаҳманд; дилашон ба якдигар хабар медиҳад, лекин соҳибонашон бехабар мемонанд... Чӣ гуфтӣ, ба гуфтаҳои ман?
— Ҳар чӣ шумо фармоед, Мулло-амак.
— Бале... Одам гуфтагӣ ҳамин хел мешавад... Ростӣ, то худат нагўӣ, ман чизеро дониста наметавонам, лекин баъзан радиою телевизор, газетаҳо ба кас хабарро мерасонанд. Хуб, ки онҳо сухани ростро ва хубро мегўянд... Ҳа, боз духтарамон баъзе чизҳоро шарҳ дода, фаҳмонд...
— Саида?
— Не, Ҷаҳоноро.
«Ҷаҳоноро...». Ромиз арақ кард, дар пешониаш доначаҳои арақ пайдо шуданд, бо кафи даст сутурд, чизе гуфта натавонист.
«Озмоиш аст, санҷиш аст, ки Мулло-амак ҳам, Саида ҳам дар ин бора гўянд?» Ромиз ба рўи Мулло-амак нигарист ва нигоҳи ўро дарёфт, ки бадиққат менигарад. Ромиз ба нигоҳи Мулло-амак тоб оварда натавонист, нигоҳашро ба сари хонтахта бурд... «Қаҳр, ғазаб, дашном ва ҳар чизе, ки барои ман барин кас раво бошад.
Аз ин рў маро даъват кардааст: барои танбеҳ, барои дашном ва барои таҳқир. Вагарна Саида ҷўрвор ба гўшам намехонд, ки назди Мулло-амак дароям...»
— Инсон бояд ҳама умр хурсанд зиндагӣ бикунад...

пешина
аз 428
навбатӣ