Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Агар малол наояд, сари қабри Ғиёс равем, – хоҳиш кард Ромиз.
— Чаро малол бошад, Ромиз? Ин корро кардан ҳам қарзу ҳам фарз, – ба Ромиз ҳамдил шуда гуфт Ҷаҳоноро.
Қабри Ғиёс баландтар аз роҳ миёни дарахтони санавбар буд.
Ба қавли – Ромиз на панҷара лозиму на дигар карру фар; ҳамин хел ҳам ҳаст. Хокаш чандон кўҳна нашудааст, фурў нарафтааст, ҳамвор нагаштааст. Онҳо бисёр гўрҳо диданд, вале хомўш, ором буданд, гўё дил ва майнаашон дам гирифт, махсусан Ромиз дам гирифт; зеро оқибати зиндагиву охири дунёро дарёфт. Ромиз чанд рўзи аввал, сари қабри Ғиёс омада буд, баъд серкор ва серташвиш шуда омада натавонист... Ў Ғиёсро фаромўш накардааст, серкортар шуд. «Худат медонӣ, акаи Ғиёс: актёр як рол гирад, то онро аз бар кардану ба тамошобин расондан, ба назараш чизе натобад...
Ман ҳамин хел шудам, гуфтаи худатро кардам: «Аз оворагӣ ҳатто ҷўгӣ чизе пайдо накардааст». Не, ман ба театр барнагаштаам, лекин...».
Магар ягон сухани Ромиз шунаво баромад, ки Ҷаҳоноро ба ў нигарист. Ромиз пай бурда андешаашро аз сар дур кард ва маҳзун ба чашмони ў зеҳн монд. Як чизи донамонанди сахт дар гулўи ў бозмонд. Андешаҳо ва саволҳое буданд, ки бояд Ромиз ба Ғиёс мегуфт.... Мисли абрҳои пароканда ва мутаҳаррики баҳорӣ саргузашти Ғиёс ғоз-ғоз пеши назари ў омад: Ғиёс рўи сағона хобидаасту муаллимаи нуронӣ ба ў зеҳн монда мегиряд... Ўро ба хок насупорида миёни мардум гузоштаанду тавсиф доранд... Ва инак қабри бесоҳиб – на гул дорад, на гулдаста, на панҷара ва на...
«Ромиз!» садои Ҷаҳоноро омад, ки ана-ана гиристани ўро яқин кунад. Ромиз сўи ў табассум кардан хост, вале қатраҳои ашк рухсора шўянд. Ҷаҳоноро ҳам ашк мерезад... Ин хел нашудааст, ки кас маҳз барои маит бигиряд. Одамони зинда барои маит ноланду чизҳои дигарро ёд оварда гирянд: номуродиҳо, сахтиҳо, азобҳо ва хорию зориҳоро, рўз надидани зиндагон ва ё яке аз наздикони худро ёд оварда гирянд; ба қадри худ гиряд, ба беқадрии дигарон низ гирянд... Вале Ромиз танҳо барои Ғиёс гирист. Ва набояд дар назди Ҷаҳоноро ин корро мекард, вале худдорӣ карда натавонист.
«Беҳуда омадем...»
— Бубахшед, ҷаҳон!
«Ҳеҷ гап не...» ў ин ҳарфро гуфта натавонист, гиря гулўгираш карда буд. Ромиз гиряи ўро дид, вале надонист, ў барои чӣ ва ё барои кӣ мегиряд.
— Бубахшед Ҷаҳон!
Ҷаҳоноро тоқат накарда сари по нишаст ва чунон гирист, ки баданаш ларзид; узрпурсии Ромиз алами ўро тоза кард.

пешина
аз 428
навбатӣ