Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ман мурам, ҳамин хел гиря кунед, майлатон...
Ҷаҳоноро тоқат карда натавониста пойҳояшро рўй замин дароз кард ва бо кафи дастон рўй пўшида бесадо гирист, аз зарби гиряи дарунӣ баданаш меларзид... Ромиз надонист чӣ бикунад.
Як бор сурфид ва Ҷаҳоноро пай бурд, ки ў низ гиря дорад... Аз карда пушаймон гиряро бас кард ва рўймолча аз рўй гирифта ба қабри Ғиёс нигарист; чашмонаш нағз намедиданд, пардаи ашк намегузошт, ки ў дурусттар бинад. Ў ба Ромиз нигарист, ки сарашро андаке боло карда бо даҳон нафас гирад. Ромиз ба назари ў болобаланд, шонафарох, бозудор намуд. Ҷаҳоноро ҳайрон шуд, ки ин сурат Ромиз аст ё каси дигар. Наход ба Ромиз, ба қаду басти ў боре нигоҳ накарда бошад? Ҷаҳоноро ашк бо рўймолча пок кард, то аз нав ба қаду басти Ромиз нигарад, ки ба чашмаш дуруст тобад ё на?... Ҳо, ҳамин хел: паҳлавонсурат. Боз назарбаланд, боғурур, фақат чашмонаш хаёлӣ ба дур нигаранд; хеле дур
– ба домони уфуқ. Ба назари Ҷаҳоноро, ки ўро дар пеши назар не, балки дар кадом уфуқи дур мебинад ва ҳатто дар экрани кино. Ў ҳамин хел бинад Ромизро, вале пай набарад ва надонад, ки худи ў кайҳо дар назари Ромиз чунин тобад: яккаву ягона, зебо, баодоб, бофаросот... Агар чунин набуд, Ромиз миёни ин қадар сарсониҳо, парешониҳо ва заҳрхандаву тамасхурҳои касу нокасҳо ўро дар мадди назар намедошт ва ҳар сухани Мулло-амаку Саидаро, ки аз хусуси Ҷаҳоноро равад, таҳлилу муҳокима намекард... Ҳоло ҳам Ромиз даҳон нимвоз дошта нафас гирад ва ба дуродур нигарад; нигоҳи ў аз болои шаҳр гузашта, ба қатортеппаҳои Фахробод бархўрад, ки пардаи нилўии уфуқ паси он хам хўрда роҳи назарро гирад, гўё кўҳи Фахробод на, маҳз ҳамин пардаи ларзони уфуқ пеши назари ўро гирад ва баъд дар ин парда сахттар ларзида фариштае аз миёни он намояд сабук, ки бод мисли абр ўро як сў барад ва пироҳани ҳарираш пару бол шуда ўро ба як паррандаи афсонавӣ бадал созад ва он (гўё ки барои Ромиз ин корро мекарда бошад) бол афшонда, рўи оинаи уфуқ лағжад: «Ин Ҷаҳоноро, Ҷаҳонорои ман...!!!» Ромиз гўё фарёд зада бошад, аз садои худ як қад парида ба Ҷаҳоноро нигарист, ки чашмони ашколуд сўяш дўхта шудаанд. Нафаҳмид, ки аз ҳайрат ин хел нигоҳ кунад ва ё аз муҳаббат... Ромиз пурҳаяҷон ба уфуқи сари кўҳ нигарист, вале он мўъҷизаро пайдо накард. Фиреби худ буд он, хаёли ширин буд он, аммо беҳтараш ин ҷо, ҳақиқиаш ин ҷост, заминиаш ин ҷост...
Ромиз чуноне ки сўи уфуқ менигарист, ба Ҷаҳоноро зеҳн монд:
аз он ҳам хубтар, аз он ҳам зеботар, аз он ҳам ширинтар – ҳамин хел метофт ба назари ў Ҷаҳоноро...
— Шумо хаста шудед, Ромиз. – гиряҳои гулў фурў бурда гуфт Ҷаҳоноро, то овозаш наларзад.
— Не-е, – табассуми сохта кард Ромиз, вале садояш гиря дошт. – Ман шуморо ҳо дар он сари кўҳ, миёни боду ҳаво дидам, Ҷаҳон...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо