Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ромиз сар ҷунбонд, муаллимаи нурониро пеши назар дида сар ҷунбонд. «Чунон муҳаббат ҳам мешудааст дар дунё» гуфта сар ҷунбонд. «Бисёр «муҳаббат» медонистам; хонда будам, шунида будам, вале чунин надида будам». Ў сар ҷунбонд ва худ ба худ «ҳа-а» гуфта мад кашид ва оҳи дароз баровард...
— Акаи Соҳиб омада шуморо пурсиданд, – баробари аз дарвоза ворид шудан хабар дод Саида. – Мулло-амак ҳам чанд бор пурсиданд, ки чаро Ромиз дар толор ё хона машқ намекунад....
— Ҳоло машқ мекунем, ба дилашон ҳам мезанем.
...Ромиз дохили хонаи Мулло-амак шуд ва дар торикӣ шаклеро дид, ки дар ҳар куҷо ўро масхара карда пешопеш мегашт, вале баробари чароғро гирондан шабаҳи шинос гум шуд ва танҳо осораш дар бадани Ромиз боқӣ монд, ки ба пўсташ мурғак давонд. Ў худро як афшонд, вале надонист, ки истад ё барояд. «Аҷали ман дар дасти ҳамин». Ромиз парешон шуд. Хост ба Мулло-амак ин сирро гўяд, вале худдорӣ кард. Ў шунида буд, ки ин хел шабаҳҳо ҳеҷ гоҳ ба кас зарар накунанд, балки пешопеш гашта роҳ тоза бикунанд ва нагузоранд, то ба кас осебе расад. Ва агар кас ин чизро ба ягон одам хабар диҳад, ба балое гирифтор шавад...
Толори камбизоати Мулло-амак ба ў хуш омад; мебели чормағзии кўҳна. Зарфҳои чинӣ ва фулузоте, ки дар рафҳои он гузоштаанд, қадима, ба назар хуш тобанд. Лек толори бесаҳнаи Муллоамак ба назари Ромиз чунон танг, ки ҳатто барои шеърхонӣ мос набуд. Вале беҳтар ва бемалолтар ҷоеро пайдо кардан муҳол. Ў хоҳад, ки саҳна сохта, қисматҳои намоишро тайёр кунад, нигоҳи муаллимаи нуронӣ ўро боздорад: аз даруни зарфҳо, даруни мебел, зери мизу рўи диван ба Ромиз нигарад ва нагузорад, то кор кунад. «Наход шабаҳ муаллимаи нуронӣ бошад? Не-е... Шабаҳ то муаллимаро дидан пайдо шуда буд ва ё баъд?... Дар ёдам нест.
Дар ин хона машқ карда намешавад... Шояд Ғиёс бошад. Шояд ў маро роҳ нишон додан хоҳаду ишораҳояшро сарфаҳм наравам.
Шояд... Лекин чаро? Барои чӣ пешопеши ман гардад? Магар роҳи худро наёбам? Магар раҳгум задаам? Ҳо... Мазмун ҳамин тавр...
ҳамин тавр. Ман роҳи гум накардаамро пайдо карда натавонам.
Пас... пас хешро чун дарёбам?..»
— Маъқул нашуд? – баромадани ўро дида пурсид Муллоамак.
— Маъқул, – гуфт Ромиз ва чашм ба дасти ў дўхт, ки чун гаҳвораи Фарзонро ҷунбонад. – Маъқул, лекин ба шумо халал расонидан хуб не...
— Халал? Чӣ хел халал? Баракс, чӣ қадар шод мешавам... оҳ, напурс... чӣ қадар шод мешавам... Ту намефаҳмӣ-дия, намефаҳмӣ,
– сар ҷунбонда гуфт Мулло-амак. – Намефаҳмӣ, ки маҳбус чӣ орзу кунад?.. Агар фаҳмӣ, ман ҳам ҳамон маҳбус... Аз ў ҳам батар...
Маҳбус хезад, шинад, қадам занад, гардад, лекин ман?.. Гумонам, маро шодмонӣ лозим бошад, ту муҳайё карда тавонӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо