Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Хеши дадет? Муаллима?
Писарак як қад парида ба Ромиз нигарист. «Шумо аз куҷо медонед?» дилаш фиғон кард.
— А? Ҳамон муаллимаи нуронӣ-а? – тоқат накарда пурсид Ромиз.
— Ҳа, – сар ҷунбонд писарак.
Барои писарак аз донистани ин асрор мадад карданашон муҳимтар буд. Барои ҳамин дар дили ў равшание пайдо гашт, ки онҳо «амаконаш» азоби ўро диданд ва сабаби азоби ўро донистанд.
Вале ҳоло надонад, ки онҳо ба вай чӣ мададе бикунанд.
— Ҳамза, боз шаҳр меравӣ, ошно, – Ромиз баргашта маслиҳатомез гуфт. – семент меорӣ. То омаданат мо панҷараҳоро мекашонем.
— Семент ҳаст, амак, – шердил шуда гуфт писарак. – Шумо фақат ба бурдани панҷараҳо ёрӣ диҳед, дигарашро худам мекунам.
— Наметарсӣ? – Писарак фаҳмид, ки Ромиз ба чӣ ишора мекунад, хомўш монд...
...Хуршеду Ҳамза ду панҷараро болои ҳам гузошта, бардошта бурданд ва Ромизу писарак як панҷараро бардоштанд. Як панҷараи дигар ба танаи дарахти санавбар дуртар аз гўри Ғиёс меистод, ки писараш бо чӣ азобе онро оварда буд. Як халтаи коғазӣ, як сатил ва беле дар сояи санавбар меистод. «Инҳоро худат овардӣ?»
пурсид Ромиз. «Ҳа» сар ҷунбонд писарак ва сатилро гирифт, ки аз наҳри болои қабристон об биёрад...
...То бегоҳии рўз замин кофта, семент ошурда, панҷараҳоро шинонданд, даричаашро сим тофта маҳкам карданд, сонӣ, ба мошини Ҳамза савор шуда, бозгаштанд. Ва писаракро назди ҳавлиашон фароварданд. Ромиз ҳамроҳи ў фуромада белу сатил ба дасташ дод ва оҳиста гуфт: «Агар модарат пурсад, бигўй, ки амаконам панҷараро шинонданд, нагўй, ки театр. Хайр!»
Мошина боз ба ҳаракат даромад. Ромиз хоҳиш кард, ки сари кўча фароранд, он тарафаш пиёда меравад; дилаш ҳамин хел хоҳад.
Дили ў ҳамин хел хост, вале вақте ки аз мошин фаромада ба роҳ даромад, дилаш тапид ё аз гуруснагӣ ё аз ҳаяҷон. «Бигўй, ки амаконат панҷараро шинонданд» фиреб омўхт Ромиз ба писарак ва акнун аз ин гуфтааш пушаймон аст. Хоки тўдаи гўр, панҷараи атрофи он, ки як ҷонибаш аз паси дарахти санавбар омадааст, аз пеши назараш дур нашавад ва аз зери як парда тобад, ки муаллимаи нуронӣ симпечи даричаи панҷараро кушода натавониста, дудаста аз панҷара дорад ва манаҳ болои он гузошта ба гўри нармхоки Ғиёс нигарад; чунон нигарад, ки рўзи видоъ пушт ба девори толори театр гузошта ба чашмони пўшида ва ранги заъфаронии ў менигарист. Вале мисли онрўза сияҳпўш нест, балки рўймоли сафед бастааст, ўро нуронитар ва мисли фаришта нишон диҳад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо