Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Албатта.
Ромиз баромада ва баъди чанд вақт Хуршеду Ҳамзаро ҳамроҳ овард. Пирамард хушнуд шуд.
Хола-мулло самбўсаҳои варақӣ, саллаю чак-чаки тайёр кардаро рўи дастархон овард.
— Таърихи зиндаи панҷоҳсолаи Тоҷикистон, – пирамардро шинос кард Ромиз, – падари мо, – илова кард ў ва рафиқонашро ҳам шиносонданӣ буд, ки пирамард ба гап даромад.
— Ин касро мешиносам, мулло Хуршед номашон, артист, лекин ун касро нағз нашинохтам.
— Ҳамза – ин кас ҳам муаллим, муаллими сабуквазн...
— Ҳа-ҳа. Шуд. Хуш омадетон...
Хола-мулло нозу неъмати зиёде овард, вале нияти Ромиз дигар.
Барои ў қиссаи пирамард лозим...
Берун як ғур-ғури гап шуд ва дар во гашта, зане салом гуфта даромад. Ромиз ўро дида парида хест ва даступо гум кард ва вақте ки пирамард «Биё гулам, биё ширинам» – гуфта ўро наздаш хонд ва аз пешониаш бўсид, дук-дуки дили Ромиз пасттар шуд. Ў худро ба нодонӣ мезад, вале Хуршеду Ҳамза чашм аз зани зебо намеканданд. Ромиз омадани ўро мехост, вале чӣ хел даъват карданро намедонист. Ва ҳоло баҳона меҷуст, ки ҳаяҷон фурў нишонад, то дигарон беҷо шудани авзои ўро набинанд. Арақ кард, сахт арақ кард. Вағғӣ ба пешониаш қатраҳо зада баромаданд. Ногумон рўймолчаро бароварда, арақро пок кард. Ҷаҳоноро ҳолати ўро дида, табассум кард ва ду-се даҳан аҳволи пирамардро пурсида ба хонаи дарун даромад.
— Духтарам, – гуфта пирамард шиносонд ва баъди чанд муддат ин гап аз ёдаш рафт, ки «худам калон кардагӣ» – гўён илова кард.
— Чӣ, ин кас духтари шумо не? – кунҷкобӣ кард Хуршед. Вале Ромиз зонуи ўро пучид.
— Духтарам-духтарам, ҷону ҷигарам, – ислоҳ кардан хост ў ва баъд пеш лағжид. Ромиз ба ў ёрӣ дод ва дар паҳлўяш болиштҳоро гузошт. «Не, ҳоли ман бақувват, аз по задагӣ» – гуфта худро андаке далер гирифт... – Хайр, канӣ, нигоҳ карда мешинем, ё боз ягон кас....
— Не, Мулло-амак, ман касеро хабар накардаам.
— Хабар кардан лозим буд, писарам, чорта базм мекардем,
– каф ба каф зада гуфт Мулло-амак.
— Хайр, ҳоло ин хел рўзҳо бисёр.
— Ҳамин хел гумон мекунӣ, вале як вақт мефаҳмӣ, ки рўзҳои башумор мондаанд. Ҳар нафас ғанимат, баччем... Ин хел ки бошад, дигар кас ки намеомада бошад... Кампир, ҳо кампир, – занашро ҷеғ зад ў ва Хола-мулло дарро кушода «лаббай» гуфт. – Ку биёед...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо