Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳозир, – гуфта Хола-мулло ба хонаи дарун даромад ва Ҷаҳонорою Саидаро ҳамроҳ гирифта баромад.
— Ку бирез! – ба Ромиз фармуд Мулло-амак.
Ромиз аввал шарбати олуболуро кушода ба пирамард нигарист, ки дар пиёла резад ё дар коса.
— Не, пиёла-пиёла, – хандида гуфт пирамард, – дар назди ҷўраҳоят маро шарманда накун, боз пири беимон нагўянд...
— Ин хел нагўед, Мулло-амак, – гуфтанд Хуршеду Ҳамза.
— Шўхӣ, писаронам... Ин хел бошад, ба занҳо об рез – пиёларо бардошта гуфт Мулло-амак.
— Як умр моро кам донистед-дия, мўйсафед, – ҳазл кард Холамулло.
— Ман шумоя кам бинам, кам шавам, медонам, кӣ наменўшед.... Хайр, имрўз набераи мо – Фарзонҷон расо баробари падараш Ромиз 30-сола мешавад, илоҳӣ садсола шавад, ҳазорсола шавад.
Нўшиданд, Ҳамза сари рул гуфта бўй кашид. Вай механдид ва бештар ба Ҷаҳоноро менигарист, ки чашм ба чашм шаванд, аммо Ҷаҳонорои зирак ин чизро пай бурд, ки ҳама вақт нигоҳашро мегурезонд ва ё хаёл дошт, ки Ромиз аз паи нигоҳи ў назар давонад. Ҳамза беқарорӣ дошт. Хислати зандўстии ўро Хуршеду Ромиз медонистанд, барои ҳамин Ромиз ба ў диқкат медод ва мушоҳида мекард, ки занак ба ин чиз чӣ эътибор медиҳад. Ў ба ягон чиз эътибор намедод, бо Саида гўшакӣ мекарду механдид ва ин чиз ба Ромиз муаммо метофт ва худ ба худ меандешид, ки дар бораи ў гап зананд ва забон як карда, чӣ марде будани ўро фош карданӣ ҳастанд. Ў дар бораи худ андешида дигаронро аз назар дур дошта чун санҷиш сўи Ҳамза нигарист. Ў гаштаю баргашта ба Ҷаҳоноро менигарист. Ромиз ўро донад ва пай барад, ки чӣ хоҳад: бояд соҳиби «Волга»-и сиёҳ будани ўро Ҷаҳоноро донад.
Назари баланди занак боз шавқи Ҳамзаро афзуд. Ҳамза аз болои дасти Хуршед дароз шуда ба табақчаи назди Ҷаҳоноро сабзаю пораи гўшти сари синаи сафеди мурғро гузошт. Хуршед як ба вай чашм ало кард ва ҳазломез «мо ҳам одам» гуфт. «Шубҳа надорам»
ҷавоб гардонд Ҳамза ва боз хандаашро давом дод; хандаи ширини бесадои ў ба ҳар кас хуш меомад, аммо Ҷаҳоноро эътиборе намедиҳад; чизҳои ба тақсимаи ў гузоштаро набинад.
— Чаро ҳеҷ чиз намехўретон, гардам?! – хаёли онҳоро парешон кард Хола-мулло. – Гиред, мўйсафед, – ба тақсимаи ў пои мурғ монда гуфт Хола-мулло.
— Боракалло, одам ҳамин хел мешавад. Кампири мо медонад, ки мардро ҳурмат кардан аз рўи рисола аст, – ҳуқуқи худро баланд карданӣ шуд Мулло-амак.
— Конститусия ҳуқуқи занҳоро ҳам нишон додааст, гардам,
– паст намеомад Хола-мулло..

пешина
аз 428
навбатӣ