Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ё ту ё ман, яке бояд равем... Фаҳмидан лозим, фаҳмидан лозим, ки он ҷо чӣ гап аст?
— Ба назари ман, ки дар шохи чанор одам кашол аст... Ба диққат нигар.
— Рост. Ба одам монанд он чизи кашол... Лекин барои чӣ?
Наход? Наход, ки ба сурхҳо ёр будани бародарамро босмачиҳо фаҳмида бошанд?
— Баргашта ба Гарнизон равем мегўӣ? Хабар диҳем мегўӣ?
— Ҳа, – сар ҷунбондам ман.
Ҳамин вақт аранге ба назарам расид, ки як чизи сурх аз паси бутта ба тарафи рост гузашт – ба сўи Гулписта. Ман ба Саид нигаристам, ки ў низ дида бошад ё не. Вай боз ҳамон саволашро такрор кард: «Равем мегўӣ?» Ман ба ишораи сар ҷавоби рад додам:
«Не». Вай китфон дарҳам кашид: «намефаҳмам» гўё мегуфт, ки то алвақт таранг мекардӣ, ки ба Гарнизон хабар расонем, акнун не мегўӣ, чӣ гап? Вале ба ҷои он ки тафсилоти воқеаро гўям, нимхез шуда, гардан ёзонда, поёнтар ба тарафи рост нигаристам. Саид ҳам магар аз чашму нигоҳи ман нуқтаи нигоҳ мегирифт, ки ба он сў нигарист. Ва зуд ба ҷояш нишаст. «Дидам» мегуфт нигоҳаш.
«Лекин кӣ бошад?» – Занак, – гуфт ў.
Ва мо аз паи он равон шудем. «Мардак ҳам ҳаст», бо гулў гап мезад ў, то садояшро касе нашунавад...
Гоҳе ки онҳо аз паси теппа хам хўрданд, аз чашмҳо пинҳон шудагӣ барин қомат рост гирифтанд ва ба чашми мо равшан тофтанд. Лекин ман ба чашмонам бовар намекардам: «Шинохтӣ, Саид?».
— Не...
— Вай – Садафмоҳ, янгаи ман... Зани хурдии Юнус...
Дигар ҳарф лозим набуд. Зудтар ба онҳо расида шарҳи воқеаро шунидан лозим. «Янга! Янга! Садафмоҳ!» Ў нашунид. Мазмун садои ман ниҳоят паст буд ё миёни ҳиш-ҳишу нафасгардониашон овозро намешуниданд ё шунаванд ҳам, нигоҳ намекарданд. Аз тарс.
Шояд он мард нагузорад, ки ў сўи мо нигарад ё бозистода ҷавоб диҳад. Марди лачакбасари ношинос метобад. Шояд Садафмоҳро гирифта гурезад? «Янга! Садафмоҳ!»
Садафмоҳ ҷелаки сарашро якрўя карда, вале аз гашт намонда сўи мо гўшаи чашм кард ва якбора бозистод. Шинохт, маро шинохта бозистод. Вале мардак аз чунин кор бехабар якзарба мерафт.
Ман ба Саид ҳам нигоҳ накарда гўё парида назди ў рафтам. Назди духтарчаи чаҳордаҳсола, ки аллакай зан шуда буд. Зани Юнустўқсабо, зани бародари ман. «Ака!» аз паси мардаки лачакбасар фарёд кард ў. Мардак як қад парида, баргашта нигарист. Ва аз бепарвоёна бозистодани Садафмоҳ ҳайрон шуда пўписа кард:
«Чаро меистӣ? Гапатон бошад, баъд мегўед!» ва пуршаст ишораи даст кард, ки зудтар аз ин ҷо нест шавем. «Чӣ гап?» тоқат накарда пурсидам.

пешина
аз 428
навбатӣ