Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Вале чунон нафаси Садафмоҳ мегашт, ки ҳарф зада наметавонист. Фақат як бор сар ҷунбонд. Вай тафсида буд, рўйҳояш лола барин, чашмонаш дурахшиданд. Ў зеботар шуда буд. Фақат арақ тораҳои абрўяшро паст хамонда буд, ўро дигар хел нишон медод. Байни он қадар ташвишҳо мехостам, ки тораҳои абрўи ўро ҳамвор кунам, то ҳуснаш халал набинад. «Чӣ гап, янга?» боз тоқат накарда пурсидам. «Бос-бос... бос-ма-чи-ҳо...» нафасаш гашта гуфт ў. «Донистам, босмачиҳо... лекин чӣ шуд?» Ў ҳарф зада натавонист, фақат сар ҷунбонд, ки намедонад. «Охир, чӣ хел ки гурезию надонӣ?» аз сарам чунин савол гузашт, вале барои пурсидан имкон набуд, чунон нафаси ў гашта роҳ мерафт, ки ба гўшаш ҳарфе намефорид. Боз бародараш пўписа мекунад, ки зудтар гардад. «Инаш чӣ? Чаро бародар ўро гирифта гурезад?» Таваҷҷўҳам ба вай зиёдтар шуд. Аз янгаам пеш гузаштам, ки ба бародараш расида шарҳи ҳол пурсам. «Акаи Барот, чӣ гап шудааст?». «Ҳеҷ нафаҳмидам» сар ҷунбонд ў ва боз ба хоҳараш рў оварда садо кард: «Тез гард, ба дасташон афтем, буз мекашанд!» Албатта ба дасти босмачиҳо, инаш маълум, лекин барои чӣ ҳамин хел арўси нозанинро буз кашанд?.. Садафмоҳ шикамашро дошта, ба рўи сабзаҳои сўхта нишаст. Ҳарчанд дилам ба ў месўхт, мехостам, ки каме дам гирад, вале аз таҳдидҳои бародараш рамуз гирифтам, ки таъхир кардан мумкин не. «Янга нишаст» гуфтам. Акаи Барот ба ў нигариста «уф!» гуфт, чунон уф гуфт, ки тамоми нақшаҳояш барбод рафта бошад.
— Акаи Барот, киро ба шохи чанор овехтаанд?
— А?
— Ё акам барои босмачиҳо гўсфанд куштааст?
Акаи Барот чизе гуфта натавонист ва дарозтар аз «уфе», ки барои бознишастани Садафмоҳ гуфта буд, мадд кашида ў низ фурў нишаст. Ў сар меҷунбонд, сари афсўс меҷунбонд.
— Акат барои босмачиҳо гўсфанд намекушад. Онҳо ба қасди ҷони акаат омадаанд, барои ҳамин ман Садафмоҳро гирифта гурехтам. Аз рўи шунидам – барои ту шуда...
— Барои ман шуда?..
Ман дигар ба саволи ҳаю неи ў нигоҳ накарда мисли бод дараи Гулпистаро нишеб шудам, ки зудтар ба Гарнизон расам. Дар танам биме намонда буд, ки босмачиҳо маро мебинанд, дастгир мекунанд. Надонистам, ки чӣ гуна ба Гарнизон расидам. Саидро ҳам фаромўш карда будам, баҳсеро ҳам фаромўш кардам, ки кӣ бояд ба Гарнизон равад.
— Чӣ гап, командир? – авзою ҳаяҷони маро дида пурсиданд дар Гарнизон...
— Босмачиҳо... босмачиҳо... бародарамро...
Ҳамин қадар гуфтанамро медонам. Аз ҳуш нарафтаам, чашмонам ҳамаро мебинад, вале забонам намегардад, то ба онҳо фаҳмонам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо