Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ана ин писталети англисии қўрбошӣ, – ба ман нишон дода гуфт ва ба Садафмоҳ нигоҳ карда сар ҷунбонд, – Ай маладес, кахрамон.
Ман пай бурдам, ки дар ин ҷо сирре ҳаст: писталету Садафмоҳу қўрбошӣ...
— Ту мефаҳмӣ, ки Раҳмон, каси мо таъқиб карда гаштаро ин зани зебо куштааст... Мефаҳмӣ?
Ман ҳайрон будам ва ба Садафмоҳу командир менигаристам:
— Чӣ хел? Паррондӣ?..
Садафмоҳ сар ҷунбонд ва аз чоки гиребонаш даст дароварда аз зери кашаш латтапечеро баровард, латтапечи хунинро.
Командир ҳайрон монда, чолок хеста латтапечро гирифт ва тоби латтаро бароварда корди хунолудро... нигоҳ кард...
Ман бовар намекардам, ба чашмони худ бовар намекардам, ки рост бошад ва бовар намекардам, ки Садафмоҳ қўрбоширо кушта бошад. Шояд, шояд бо ёрии Барот ин корро карда бошад.
Саволомез ба ў менигаристам: «Чӣ хел шуд?»
— Дар ҷои хобаш... Бо корди, ба қавли худаш алмос. баринаш, сар задам, – гуфт Садафмоҳ – ва магар акнун тарсид, ки ларзид.
– Баъд таппончаашро гирифта, оҳиста баромадам... Он вақт натарсида будам, акнун...– шикамашро дошт.
— Зояро бедор карда биёр! – фармон буд ё хоҳиш нафаҳмидам, ба ҳар ҳол лозим буд. Зоя –духтурро бедор карда овардам...
Командир ба Зоя фаҳмонд, ки Садафмоҳро нигоҳубин бикунад.
Зояи ажриқичашм Садафмоҳро ҳамроҳ бибурд...
...Фарзон гирист. Мулло-амак гаҳвораашро ҷунбонд, вале хап накард.
Саида омада гаҳвораро бардошта ба хонаи дарун даровард, то шир диҳадаш.
— Қелин-мулло, боз гаҳвораро оварда назди мо монед, – хоҳиш кард Мулло-амак.
Субҳ медамид...
Дар сари роҳи Ромиз як мошини самосвали сиёҳ истодааст. Гўё чанд вақт дар мўрии ошхона овехта, аз такаш дуд карда бошанд.
Чархҳо, помонакҳо, бордон, кабина ва шишаи тирезаҳо ҳам пур аз дуда; ҳатто тоқии сараш ҳам сиёҳ аст;-чаҳор гули гаҷҷак ва шерозаи бо риштаи сафед дўхтаи гирдаш ҳам сип-сиёҳ, пушти лаб, нўги бинӣ ва дастҳои он ҷавонмард ҳам сиёҳ, фақат чашмони зиндаю равшанаш бозӣ мекунанд. Вале оташи мошин хомўш нашудааст.
— Мефурўшӣ, ошно? – ангишти бордонро дида гуфт Ромиз.
— Не, заказай, – беэътибор гуфт.
Дигар Ромиз чизе нагуфта гузаро шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо