Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чанд пул метӣ, ошно? – аз пас садо баромад.
Ромиз бозистода, баргашта гуфт:
— Ту ин корро кардаӣ, нархашро медонӣ.
— Наваду панҷ медиҳӣ?.
— Чаро сад нею...;
— Хайр, сад.
— Чанд тон?
— Дуюним тон гуфтагӣ, лекин се мерояд.
— Ва тоннаи ин чандӣ мешавад?
— Тоннаш – сӣ, даҳ сўмаш мошинпулӣ...
— Ҳоло ҳам инсоф мекунӣ, ки ду баробар зиёд мегирӣ...
— Лозим бошад, ага не, кўмурхар лав задай.
Ромиз ба ҳамин ҳам диққат шуд. Он марди чакушдори якпоро, ки аз паси Малики тарозудор зорӣ карда, аз ин сар то он сари саҳни анбори ангишт, аз тарозухона то ҷои нишасти Малику кассиру сардор ҳаллос мезад ва гоҳе кушод-кушод меҷаҳид, пеши назар овард. «Ба кӣ? Ба кӣ? Ба кӣ мегўӣ гапатро?!». – Дандон ба дандон монда ва панҷа фишурда баланду шунаво гуфт ў. «Лаънат, лаънат, лаънат!!!» Лекин ба кӣ лаънат? Маълум набуд; ба ангишткашон ва ё ба оне, ки ангишт фармудааст? Ё ба оне ки ташкилотро идора.мекунад? Ё ба Малики тарозудори анбори ангишт, ки мўйсафеди якпояи лангонро, ки саросари анборро аз паси худ овора мекарду имрўз аҳволи ангиштро дар кўча ба ин зайл мебинад. Як ангишткашону кору ангишт ин зайл не! Ба ҳар тараф, ки нигарӣ... ҳол чунин бинӣ. Ва касе гуфта натавонад, ки ба ин корҳо кӣ гунаҳгор аст. Албатта гунаҳкори асосӣ ангишткашон не, ба вай «бубар» гуфтаанд, овардааст, аз пеши худ ин корро карда натавонад; агар сардори ҳалолкор ва парҳезкор дошта буд, ба ин корҳо ҷуръат намекард... Ромиз сар афшонд: намедонист, ки ин қадар асабӣ шуданаш аз чист. Бедорхобӣ ё қиссаи пирамард?.. Ромиз фикри зиёд кунад, вале худаш надонад, ки чунин хаёлу андешаҳо лозиманд ё на? Ба ҳар ҳол фикр мекунад, гўё фикр накарда, зистан мумкин набошад. Аз кадом асаре хонда буд, ки нафаре «хаёлам, ки фикр накунам, нони хўрдаам ош намешуда бошад» мегуфт.
Ромиз ҳам ҳамин хел: умуман дар зиндагӣ одами бефикр нест, лекин кӣ чӣ фикр мекунад. Фикру андешаҳои парешони Ромиз ба як нуқта гирд омада, ў хулоса кард, ки кори телевизионро ҷунбонад, намоишҳоро дигаргуна бикунад: намоишномаҳои олиҷаноб фармояд, лекин ба кӣ? Ин масъала сахт буд. Тамоман ў дигар чиз мехост, вале бо касе маслиҳат карда наметавонист, зеро медонист, ки чизи хостаашро пайдо карда натавонад ва баъд ба сараш зад, ки барои чӣ режиссёрони тоҷик киноссенарлиро ба муаллифони ҷойҳои дигар мефармоянд, сабабаш барои ў номаълум, лекин пай барад: чизҳое, ки «Тоҷикфилм» мебарорад, нависандагони тоҷик аз ўҳдаи навиштанаш бароянд, лекин режиссёрон ҳама вақт оби дари хонаро хира пиндоранд.

пешина
аз 428
навбатӣ