Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ҳамон шаб дар байни таҳлукаю пдарешониву ҳайрониҳо Раҳмон пай бурда буд, ки Садафмоҳ чӣ малоҳате дорад, ҳолиё Ромиз он ҷамолу симоро айнан мебинад ва ҳикояти Мулло-амакро ёд меорад. Чеҳраҳо монанд мешаванд, вале ду чеҳра як кас шуда натавонад...
Инак Ромиз қиссаи Мулло-амакро пеши назар меорад, гўё дар шохи чанор кашол будани ҷасади одамӣ, бо як корд рондан аз тан ҷудо шудани сари қўрбошӣ, ба Гарнизон омадани Садафмоҳро мебинад... Ба Ҷаҳоноро менигараду саҳнаҳоро мебинад. Ва намепурсад, ки барои чӣ ин қадар вай чанорро бад дидааст. Ва Ҷаҳоноро, ки аз донистани Ромиз ин қиссаро огоҳ нест, ҳайрон, ки чаро ў «сояаш дар гўр» гуфтани вайро тагкобӣ намекунад. Балки дигар чиз мепурсад: «Ленинград рафтанатон чӣ шуд?»
— Намеравам.
— Чаро?
— Шумо, ки намеравед, намеравам, – худдорӣ карда натавониста хандид ў.
Ромиз низ хандид ва сар ҷунбонд: «Маро ҷавоб намедиҳед».
14
— Як кампирак дар сексия иҷора мемондааст, намеравӣ? – баробари дидани Ромиз гуфт Хуршед.
— Дидан лозим, – ҷавоб дод Ромиз, вале дар асл дигар чизро дар назар дошт: муносибату, муомилаи Мулло-амаку Хола-муллоро; толори хона барои ў хамчун саҳнаи театр вогузоштанро. Вале барои дили Хуршед шуда ҳарфи дигар гуфт: – Каме сабр кардан лозим, хона ваъда карданд...
— Наход? Зўр-ку!
— Зўр... – гуфт Ромиз, вале Хуршед пай бурд, ки дар овози ў чизе ларзад: як пардаи дурўғ ларзад. Вале гапи ростро ў ба Хуршед гуфта натавонад. Дар асл ў аз Мулло-амаку Хола-мулло дил канданӣ нест. Ба некиҳои онҳо носипосӣ кардан нахоҳад. Рафту ба ў хона диҳанд, бо ризояти онҳо кўчиданӣ ва агар шавад, онҳоро ҳамроҳ бурданӣ.:
Хуршед ҳар гоҳ пирона ҳикоятҳо мекард; аз қисмати Душанбе қиссаҳо мегуфт; ҳамааш артистона ва аз номи пирамардон буд.
Вале ҳоло ба Ромиз сухан гуфта натавонад. Ў сухан аз ҷои дигар сар кард:
— Ба мо душвор, Ромиз, сахт душвор.
— Чӣ душвор? – мақсади ўро нафаҳмида ва ҳайрон монда пурсид Ромиз.
— Рўзгор кардан... Мо бояд рўзгордориро аз сўзан сар кунем.
Аз сўзан то ба мебел мерасем, ки думи шутур ба замин расад. Як умри одамӣ сарф шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо