Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо рў ба рў шуданд, вале аз чӣ бошад, ки ҳарду ҳам салом гуфта натавонистанд. «Чӣ гап?» ба ҷои салом пурсид Ромиз, «ҳеҷ гап не» ба ҷои алейк гуфт Ҷаҳоноро.
— Дадатонро хабаргирӣ рафта будед? – баъди хомўшии зиёде пурсид Ромиз.
— Не, назди роҳбарам будам, – ҷавоб дод Ҷаҳоноро ва пай бурд, ки раги пои Ромиз кашида як қадам пас рафт. – Ҳа, чӣ шуд?
— Туфлиам поямро танг кард, – пошнаи пой бардошта ва нўги туфлӣ ба замин тира карда гуфт ў.
— Роҳбаратон кӣ!? – аз пас садо кард ў.
— Доктор – роҳбарам, – сар барнагардонида ҷавоб дод Ҷаҳоноро ва яқин кард, ки ў рашк барад.
Ромиз хост ҳамаашро пурсида, бифаҳмад, ки роҳбараш кӣ ҳасту барои чӣ ин қадар ў бо даҳони пур «роҳбарам» мегўяд. Вале ба ҷои ин аз даҳонаш дигар гап баромад:
— Як шаб маникюр, як шаб роҳбар, як шаби дигар...
— Ба шумо чӣ?
— Рост. Туро газад, маро чӣ ғам...
— Наход шумо ҳам рашк дошта бошед?
— Чӣ, ман сангам?
— Гап дар сангу кулўх будан не. Рашк ин хоси одамони ҷоҳил аст.
— Шумо, бешўхӣ ҳамин зайл фикр мекунед?
— Бешўхӣ.
— То алвақт рашкро хоси одамони баномус мегуфтанд,
— Мо содда набошем... ору номус...
Ромиз дигар чизе нагуфт. Аз ҳаракатҳояш; сар хам карда манаҳ соиданаш, аз ҳм-ҳм карданаш Ҷаҳоноро пай бурд, ки ў хафа шудааст. Аз ғазаб чизе аз сари дилаш боло шуда, гулўву гарданашро паймуда, ба воситаи хун ба ду чакка омад ва рагҳои хунгардро фишор дод; сарашро ба дард овард, ўро безобита кард.
Пурғазаб шуд, дандон гиз, ангушт мушт кард, вале ба Ҷаҳоноро чизе гуфта натавонист. Ромиз намехост, ки зани номеҳрубон аз ў хафа шавад.
— Ба назарам, шумо ҳам чун ман вақти хазонрез хафа мешавед?
— Хазонрез бало дорад... Махсусан хазони чанор...
— Чанор сояи хуб дорад.
— Сояаш дар гўр!
Агар Ҷаҳоноро ин ҳарфро чанд рўз пештар мегуфт, Ромиз кунҷкобӣ карда сабаби аз чанор норозӣ будани ўро мефаҳмид, вале ҳоло ҳоҷате надорад. Аз қиссаи шабинаи Мулло-амак ҳамааш маълум шуд. Вале Ромиз дар ин хусус ҳарф заданӣ набуд, кўшиш мекард, ки он қиссаро ба хотир наорад. Ҳар чӣ аз Мулло-амак шунида буд, хост аз сар дур кунад, вале ҷуръату диловарии Садафмоҳро кас фаромўш карда натавонад.

пешина
аз 428
навбатӣ