Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«Шояд Саида ягон чиз гуфта бошад?»
— Саида ягон чиз гуфт, Мулло-амак?
— Не. Ҳурмати дидорат, ки лом гуфта бошад!.. Дар дилат ягон гап наояд. Худат нағз медонӣ, ки Саида аз ин хел занҳои гапчӣ не. Ман медонам, ки ту ба хотири ў бисёр корҳои нек мекунӣ...
Ба инаш имон дорам... Ту ҳам ба ҷавонони инзамона монанд не:
одобат дигар, андешаат бисёр. Набинам ҳам мешунавам, ки ҷавонони инзамона бенўхта. Баъзан шабҳо садои гитараашон ва овози бегонаашон меояд, ки ба кадом лафзи ноошнои ғализ мехонанд.
Ба хаёл меравам ва пеши назар меорам, ки дар Тоҷикистони мо ду хел буз мешавад: бузи кўҳӣ ва бузи хонагӣ. Бузи кўҳӣ зебо, диққатрабо ва хеле ҳушёру чолок, аз одамон, аз сайёд мегурезад.
Бузи хонагӣ бепарво, аз одам намегурезад; ба гумонаш ўро сайд намекунанд. Бузи кўҳӣ фақат барои худ зиндагӣ кардан хоҳад, вале рўзе ё сайд кунанд ва ё гург хўрад. Вале бузи хонагӣ бепарво, хаёлаш ҳимоятгар дорад... Ту ин чизҳоро фарқ мекунӣ?
— Кам-кам фарқ мекунам.
— Ба куллӣ бояд фарқ бикунӣ. Ту тоҷик ҳастӣ, кўҳистонӣ ҳастӣ... Ҷавонони мо нахоҳанд, ки чун бузи кўҳӣ зиндагӣ кунанд, касе ба онҳо кордор нашавад, касе насиҳат накунад. Гўё ҳама чизро медонанд, гўё ба ҳар чиз ақлашон медавад. Лекин ин хел не. Касе ҳама чизро медонам, гўяд, ҳеҷ чизро надонад. Шояд аз як ҷиҳат дуруст андеша кунанд, ки дар замони осоишта ҳамин хел зиндагӣ кардан равост, замон замони онҳост, ҳамаро барояшон муҳайё кардаанд, аз онҳо фақат дилхушӣ... Лекин дар ягон ҳолат фаромўш кардан лозим нест, ки аз ту калонтар боз касе ҳаст. Падару модар ҳаст, онҳо муносиби худ обрў ва эътибор доранд. Фарзанди қобил бояд ин чизро ҳам фикр бикунад. Фарзанди ноқобил худаш донад. Вай – шоҳ, табъаш – вазир. Вале шаъни падарро шикастан ва сари ўро хам карданро на худо бахшаду на банда.
Ромиз сар ҷунбонд. Сар ҷунбонд, ки дар ин андеша ҳастам, вале то ҳол роҳи ҳаллашро наёфтаам.
— Одам актёр аст, Мулло-амак, ҳар лаҳзаю ҳар соат дигар шавад...
— Рост гуфтӣ, ҳақиқатан одам – актёр. Агар одамизод ноустувор ва хомхаёл набуд, саҳна ҳам лозим набуду актёр ҳам. Рост...
саҳнаю актёр барои одамонро ба худашон шиносонидан, феълу атворашонро ба худашон нишон додан лозим аст. Одам дар оина фақат сураташро бинад, вале сирату нияти хешро дида натавонад.
Одаме, ки сирати худро донад, актёри хуб шавад, вале актёрӣ карда натавонад... Дар ҷангҳо будам, одамони зиёдро дидам, қисми зиёдашон актёрӣ мекарданд...
Ромиз андеша мекард, ки ҳар давр актёрони худро дорад; актёроне, ки дар замонҳои пеш буданд, Ромиз нашиносад, ҳатто онҳоеро, ки Мулло-амак дидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо