Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Чунин актёронро танҳо кас аз афсонаҳо ва ё саҳифаҳои китобҳо пайдо карда тавонад. Аммо актёрони муосирро шиносад, донад; донад, ки ҳар кадоми онҳо ба чӣ қодиранд. Актёроне низ ҳастанд, ки гуфтаи режиссёрро накунанд. Ҳо, гапи режиссёрро...
Аз хомўш мондани Мулло-амак Ромиз истифода бурда ба хаёл рафт, ки театр зиндагӣ аст ва ё зиндагӣ театр? Ўро, ки аввалин бор саҳнаи зиндагиро ба саҳнаи театр кўчонидааст, ҳайкал бояд гузошгг. Вале он касро касе надонад. Тахминҳо кунанд, вале надонанд. Ба тахмин як одами оддӣ буд, ки нокас ё бадкору бадрафторро медошт. Дар миёни одамон барои нишон додани симои нозебу дилнокаши шахси бад масхарабозӣ мекард... Ин чиз тамошобинонро хуш омад, махсусан авомро; зеро дигар роҳи аз бадӣ интиқом гирифтан набуд. Рафта-рафта ашрофзодагон барои дилхушӣ ширинкор пазируфтанд; саҳна ба миён омад... ва театр пайдо шуд. Театр пайдо шуд, ки директор, режиссёр, актёр ва хизматгори зиёде ва боз аз ҳама муҳимаш суфлёр дорад...
— Узр мепурсам, Мулло-амак...
— Ҳо, бубахш маро! Даро, ба хонаи калон. Даро, коратро бикун, ин ҳарфҳо чандон лозим не, ту бояд кор бикунӣ, даро...
...Ромиз баробари чароғи золро гирондан гумон кард, ки касе аз тиреза баромада рафт; ҳамин тавр ба назараш намуд. Дар асл тиреза маҳкам ва ғалақааш гузаронида буд. «Гуфти мардум: сояат тунук шудааст, ҷўра» ба худ муроҷиат кард, овоз бароварда гуфт, ки машқи шабина аз ҳамин ибора сар мешуда бошад. Ин дафъа худро як марди ҳақир, нотавон ва хору зор на, бал як одами рўинатан, ҳамадону ҳаматавон ва чирадасту фирўз пиндошта, китфу бозувон андаке бардошт. Ҳамоне, ки аз тирезаи маҳкам, ба назараш, берун баромад, чунин шабаҳ – одаме буд, Ромизро танҳо ба шуҷоат мехонд, Ромиз ҳамроҳи рўҳ ба кор сар кард: ў ашъори пандомезу шаҳдбори Рўдакиро аз бар карда буд, инак саҳнаю ҳунар мебоист.
Барои ҳамин ў дар вақти роҳ рафтан, шинухез, хўрдан ва дам гирифтан... дар бораи моноспектакл андеша мекард. Ва ҳоло на дар назди тамошобин, балки ба худ ҳисобот медод, ҷиддӣ тарҳ ниҳод, то фардо кораш «имтиҳонгирандаҳо»-ро хуш ояд.
Ў тирезаро боз кард; на аз он ки ҳавои хона камӣ мекард, бал арақ карда, танаш тафс бароварда, хунаш ба ғалаён омада буд.
Ташна монд, вале истиҳола кард, ки баромада чой пурсад. Арақи пешонӣ дастмол карда, кафон ба рўй кашид, чашмон молид ва дергоҳ хомўш истод.
Магар Мулло-амак дер хомўш мондани ўро нахост, ки сурфид, баландтар сурфид. Вале ин сурфаро Ромиз ҳамчун огоҳӣ надонист, балки ўро сахт расид. Ба торҳои ноҷўри асаби ў сахт расид. Баъд барқасд не, балки дар гулўяш чизе бозмондагӣ барин сурфид, гўё ба сурфаи Мулло-амак ҷавоб гардонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо