Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Гўё аз сармо дилаш нам кашида бошад, ҳатто чою нони Саида оварда ҳам аз гулўяш нагузашт. Ва гўё дар идора ягон кори нохуб шуда бошад ва ё ҳама ҷамъ омада, барои маслиҳати кадом коре ўро нигарон бошанд, баромада рафт. Барфи пайроҳаҳо шибба хўрда, барфи роҳҳои мошингард об мешуданд. Ў ба саҳни студия дохил шуда, ҳайрон монд. Наход имрўз аз ҳама пеш ба кор омада бошад?..
...Мудирони шўъбаҳо ва саррежиссёру сармуҳаррирро назди директор даъват карданд. Ҷамъ омада бояд нақшаҳои ояндаро муҳокима бикунанд. Маҷлис сар шуд. Директор аз рўзе ки ба сари кор омада, чӣ тағйироте ба миён оварда бошад, сухан кард ва нақшаҳои минбаъдаро гуфт. Соян ба Ромиз рў овард:
— Рафиқ Рабиев, ман ба шумо ягон мавзўи замонавӣ диҳед, гуфта будам, шумо «Ревизор» навиштаед.
— Шумо медонед, ки мавзўъро ман намедиҳам, сонӣ ин «Ревизор»-и Гогол, муаллим.
— Чӣ, мо намефаҳмем? Таърихро тамом карда бошем ҳам, адабиёту санъатро мефаҳмем. Ба шумо супориш ҳамин, рафиқ Рабиев: ревизорро гирифта меоред, ман бояд ҳамроҳаш сўҳбат кунам, ки ў аз телевизори мо чиҳо гуфтанӣ. Мо ҳаромкор, моли ҷамъиятро хўрдем? Чӣ кор кардем, а, рафиқон!?
Ҳама ҷим, ягон даҳан гап намезананд.
— Ўро назди шумо оварда нашавад, муаллим, шуморо назди ў бурдан имкон дорад.
— Гўед, каттагӣ накарда, омадан гирад.
Ромиз як торсакӣ ба пешониаш зад ва баромада рафт.
Дар кабинет ҳам нанишаста, палто пўшид ва гўё ҳавои тоза нарасида нафасгардон шуда бошад, зинаҳоро тез фаромада ба барфзори саҳни студия баромад. Имрўз арчаҳо зебо буданд. Худро нерўманд гирифта ё баднафсӣ карда, пағаҳои барфи рост омадаро ба дўш боздоштаанд; сабзу сафеду зебо тобанд арчаҳо. Вале Ромиз ии чизро набинад, сархам, барф зер карда равад. Касе «саратро бардор!» гуфтагӣ барин ба гўшаш аранге садо омад, вале надонист, аз куҷо. Ба атроф нигарист, касе нест, бошад ҳам, дур ва бепарво ба роҳи худ равад. Аммо пай набарад, ки садо аз наздик, аз дили худ барояд. Ромиз ба роҳи калон баромад, то рафта печка харида хоҳиши Саидаро қонеъ гардонад ва бо ҳамин орому осуда, дар хонаи гарм бихобад... Аммо чунин нашуд, аз пеш Хуршед баромад.
Ранги парида ва хаёли парешони ўро дида «чӣ шуд?» гуфт.
Ромиз якбора хандид: «комедия!» Хуршед боз ҳайронтар шуд, ки чаро ў бо чунин аҳвол хандад. Гумонаш хандаи ў ноҷост.
— Ревизорро ёфта биёр мегўяд, – боз хандид Ромиз.
— Осон-ку, мана ман ревизор. Бар маро.
— Ту худат куҷо рафтанӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор