Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Вале сурфаи ўро лаълии миси қадима, ки болои ҷевони асбобҳои чинӣ меистод, такрор кард; айнан такрор карда натавонист, балки мисли тифли ноогоҳ аз садо ларзид. «Кўҳҳо садоро акс баргардонанд, зарфҳо садоро акс кунанд» гўё қонуни физикаро ҳамин қадар медонист ва аз рўи хабарҳои охирини илм медонист, ки садои ў ва хондани ашъори Рўдакӣ то қабатҳри болоии фазо баланд шуда, мисли садоҳои кулли башар давр гардад ва абадӣ бимонад... Баъди ҳазорсолаҳо ба дигаре чун ваҳй ояд (инаш андешаи Ромиз). Ромиз барои кашфи охирини илми физика қоил шуд ва барои абадӣ мондани садояш дар фазо заҳрханда кард. «Маро аз он ҷо ёбанд, аз он ҷо!» ангушт ба осмони хона ишора кард, ки гўё сақфу бомро шикофта то фазо рафта бошад. Боз заҳрханда кард: «Лекин дар замин ҷой надиҳанд». Сонӣ дар бораи абадият фикр карда дергоҳ хамўш монд ва оқибат ба хулосае омада даст афшонд: «Ба кӣ лозим дарди сар? Ҳатто ба худи худ ҳам лозим нест...»
Ў гўш ба тирезаи боз дошта, ба берун диққат дод, ки чӣ садое меояд: садое, мағале, доде, фарёде ба гўш намерасид. Ҳатто садои нолозими троллейбусҳо, ки нисфи шаб ва аввали субҳ ниҳоят баланд меомад, ҳоло ба гўш намерасид. Маълум, ки ниҳояти аз кор мондани нақлиёт, айёми фароғати мардум ва қиёми гуфтугўи гурбаҳост... Ҳо, гурбаҳо гуфтугў кунанд ва мисли ғашу гиряи тифлон садо бароранд, хуфтагонро тарсонанд, тарсонда бедор кунанд ва шавад, ки касони аз фарёди гурбаҳо тарсида аз бистари гарм берун шуда, сўи гурбаҳои тори бом ва сари деворҳо сангу кулўх андозанд... Ва ҳоло Ромиз аз тиреза ба сари девори ҳамсоя нигоҳ карда бозии гурбаҳоро бинад ва аҷабаш ояд, ки чӣ қадар садои ин ҷонвари хонагӣ ба садои баччаи гирён монанд аст. Гўё гиряи шабонаи тифлони модарони сахтхобро омўхта бошанд.
«Пишт! Пишт! Пишт-е, сабил мон!» ҳамсояҳоро бедор карданд гурбаҳо. Вале барои чӣ бошад ки Ромиз ба гурбаҳо нигоҳ кардан хост, садои тифлонаи онҳоро, ба ғаши кўдак монанд бошад ҳам шунидан хост.
Ромиз ба саҳнаи «зиндагӣ – театр» одат мекунад.
Садои гурбаёнаи Фарзон ўро аз саҳна бурун овард.
16
Имшаб Ромиз дар хонаи хунук хобид. Баҳузур хобид; чанд
вақт боз чунин бароҳат нахобида буд. Ва пагоҳ бедор шуда дид,
ки хонааш аз ҳаррўэа равшан метобад. «Дер шудааст» хаёл кард
ў, вале хушаш наомад, ки аз ҷогаҳи гарм хезад. Боз як бори дигар
чизҳои пеш аз хоб аз хаёл гузаронидаро пеши назар оварданӣ шуд,
андешаҳои парешони шабинаро ҷамъ карда натавонист. Бархеста
аз тиреза берун нигарист; берун сап-сафед барф буд. Вале чӣ шуд, ки таги дили ў сиёҳӣ баровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор