Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Чаро маҷлисро вайрон кардед? – пурсид ревизор.
— Ба ҳурмати шумо, читу шуда як бор омадед, – даст ба нўги мўи пешониаш бурда гуфт директор, – яъне шумо ба воситаи телевизиони мо баромад карданӣ?
— Не, баромад не, ман мехоҳам роли ревизорро бозӣ кунам.
— Чӣ хел бозӣ?
— Ҳамин хел бозӣ, ки ман мехоҳам ҳамкорӣ, аблаҳӣ, порахўрӣ, фисқу фуҷури одамони пасттинатро фош кунам...
— Мебахшед, дар мо ин хел одамҳо нестанд. Қариб ҳамаашон илми олӣ доранд. Кор карда, меҳнати ҳалол карда... карда, нон мехўранд.
— Рафиқ директор, гап дар бораи ревизор меравад, инро бояд фаҳмед.
— Нағз мефаҳмам, рафиқ ревизор...
Занги телефон сухани ўро бурид. Бардошта «маҷлис» гуфта гўшакро монд ва баъд як овози шиносро ёд оварда, каме боз истод ва якбора ҳушаш куҷо рафт, ки боз такрор кард: «Мо таърихро тамом карда бошем ҳам, адабиёту санъатро мефаҳмем...»
— Шумо медонед, ки ревизор чашми ҳақ аст.
— Мефаҳмем, он қадар даҳани амма нестем... Агар мақсад аз телевизори мо худро нишон додан бошад, марҳамат...
— Мақсад худнамоӣ не...
— Не, марҳамат, марҳамат! Мана саррежи мо, – сўи Ромиз ишора кард ў. – Шуморо ёд медиҳанд, ки чӣ хел бояд шинед ва ба куҷо нигоҳ карда гап занед. Ҳамааш муайян шудагӣ...
— Ташаккур, айнак дошта бошем ҳам, кўр нестем, ба куҷо нигоҳ карданро медонем, – айнак аз чашм бардошт ў.
Директор гўё ангушташ таппонча бошад, сўи ў ишора кард ва ҳамон зайл сурат шуд: «Ин туӣ?»
17
Ромиз чанд вақт гўё сари сўзан нишаста буд; ҳозир, ана ҳозир ўро котиба назди директор даъват мекунад ва як ҷангҷоли чашмнадида бармехезад. Вале чунин нашуд. Мазмун, ягон маслиҳатгари боақлтар ба ў фаҳмонд, ки даъват карда худро бори дигар шарманда нагардонад, беҳ агар худро ба нодонӣ занӣ. Ва чунин шуд.
Ромиз ҳам аз пайи кори худ шуд. Чанд бор нияти рафтан кард, вале барои гапи мардум, хусусан одамони театр, ки «худаш бад, дар ягон ҷо нағунҷад» – нагўянд, нарафт ва чанд муддат назди директор ҳам надаромад. Кори хайраш ҳамин шуд, ки «Модарнома» тайёр марда, ба воситаи телевизион намоиш дод. Рўзи дигар ба ў занги зиёде шуд. Як кас чанд бор телефон кард. Чун Ромиз гўшакро гирифт, ҷуз фиқ-фиқи гиря чизе набуд.
«Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд, Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор