Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

яке аз шеърҳои барномаро ба воситаи телефон хонд ў ва гўшакро монд.
— Рафиқ Рабиев, ба назди директор, – дарро кушода ва баъди салому алейк хандон гуфт котиба.
Ромиз аз қиёфаи котиба пай бурд, ки табъи директор хуш аст.
— Офарин ба шумо, – баробари аз дар рухсат пурсида ворид шудани Ромиз гуфт директор. – Мешудааст-ку. Чӣ бадӣ дорад ҳамин намоиш. Офарин. Офарину лекин ҳамин шаб янгаатон аз гиря кардана мурд, варам карда рафт.
— Ягон гап шудааст? – қасдан кофт Ромиз.
— Бечора модараш ба наздикӣ қазо карда буд, дилаш обу адо...
— Ман чӣ донам. Донам, ин корро намекардам.
— Не-не, майлаш, вай сабук шуд, гиря касро сабук мекунад.
Гоҳ-гоҳ гиря карда истодан лозим... Ҳа, як бор назди раис равед.
Ба назарам, модарарўси он кас ҳам ба наздикӣ мурда буд...
— Назди раиси шаҳр? – пурсид Ромиз.
— Не, раиси худамон, раиси комитет.
— Бошанд?
— Ҳозир, – гуфта гўшаки телефнро бардошт ва рақам гирифт.
– Раис, ман... рафиқ Рабиев раванд-мӣ?.. Хуб... Тозед, – гўшаи телефонро монда гуфт ў ва ишораи чашм кард. – Масъалаи хонаро ҳам гўед, ман ба ун кас фаҳмондагӣ...
Ромиз раҳораҳ фикр мекард: «Агар «Модарнома» маъкул шуда бошад, хуб... ва агар «комедияи «Ревизо»-ро расонда бошанд...
Чӣ мегуфта бошад? Ба хар ҳол раис одами боақл... Фарз кардем, намоиш ба янга маъқул шуда бошад ҳам, намегўяд» Роҳи байни телевизион ва комитет хеле дур буд, Ромиз бо таксӣ омад. Аз афташ, дар қиёфаи ў як ҳолати ғайриоддӣ хонда мешуд, ки ронанда гаштаю баргашта ба оинаи рў ба рў нигариста, Ромизро медид.
Ромиз нигоҳи тааҷҷубангези ўро пай бурд ва хост аз ў чизе пурсад, вале ҷуз нигоҳ чизе гуфта натавонист.
— Назди комитет доред, ака, – гуфт Ромиз аз ў гап гирифтанӣ шуда, вале ронанда боз нигоҳ карду чизе нагуфт.
— Шумо артист? – вақти пул дароз кардани Ромиз пурсид ронанда.
— Актёр.
— Ҳа-а, дидагӣ шумоя ман.
— Шояд...
Ронанда ба қомати баланди Ромиз як бори дигар нигарист Ва моширо ронд.
— Ман ба назди раис, – ба котиба фаҳмонд Ромиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор