Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ку, бинам, – дари раисро кушода даромад котиба ва баргашта, – марҳамат! – гуфт.
Ромиз салом гўён даромад. Раис бархеста ва паҳлўи миз гузашта бо ў вохўрӣ кард. «Аҷаб» дар дил гуфт ў ва саволомез ба раис нигоҳ карда истод.
— Корҳо чӣ хел?
— Бад не, муаллим.
— Устод пурсида буданд, намоиш хуш омадааст, хеле касон телефон карда гуфтанд.
— Миннатдор, муаллим.
Раис гўшаки телефони сафедро бардошта се рақам гирифт ва баъд ба гап даромад.
— Домулло, ман – Шарофов, мулло Ромиз омаданд, гап дорам гуфта будед... Хуб... Хуб... домулло. – Гапашро тамом карда ва гўшак бозгузошта ба Ромиз рў овард раис, – як назди устод равед.
— Хуб, – даст бар сари сина гузошта, хеле хурсанд аз дар баромад. «Ҳа-а, сад дари баста, як дари кушода, – аз дил гузарояд Ромиз, – аз байни сад кас яке фаҳмад ҳам, барор» – ба худ гуфт ў ва дар ҳайрат буд...
Устод. Ҳамин ҳарф барои онҳое, ки ўро мешиносанд, басанда аст. Мардест нуронӣ ва номвар. Миёнақад, танадор, каллаи пурра, мўи расо ва абрўвани зебо дорад ва бар абрўи росташ холи сиёҳ дорад. Ромиз ин чизҳоро дар устод мушоҳида кардааст, ҳангоми табассум дар руи ў ҳусн пайдо шуданашро ҳам дидааст, шеърхонӣ ва сўҳбати он касро шунидааст. Эътиқодаш ба он кас кам нест.
Ў дар устодро кушодарухсат пурсид:
— Марҳамат, – гуфта устод бархест.
— Шинед, муаллимҷон, шинед, – гўён тезтар даромад Ромиз то устодро азият надиҳад ва даст ба устод дароз кард, то вохўрӣ ва пурсупос кунад.
— Корҳо чӣ тавр? – чизеро медонистагӣ барин пурсид устод.
— Нағз, муаллим.
— Ҳа-а, – фиқри устод ба куҷое рафта, аз дар баромад ва зуд баргашт. – Ҳа-а, нағз?.
— Нағз, муаллим, – гуфт Ромиз, вале дар асл мехост ки «Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд» – гўяд.
— Хона чӣ хел?
— Хона?.. – Баргашта пурсид Ромиз, вале чизе гуфта натавонист. Кўдаквор сар хам карда меистод ва аз дил мегузаронд, ки ягон кас ин масъаларо ба устод расонидааст.
Устод ҳолати ўро пай бурда, напурсид, балки ў ҳам мисли раиси комитет гўшаки телефони оҷрангро бардошта, рақам гирифт ва «раис» гуфта боэҳтиром касеро ном бурд. «Ман наздатон рафтанӣ, раис» – гуфт. Гўшакро монда ба Ромиз ишора кард: «рафтем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор