Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рост... Барои чӣ ҳам?
Касе ба гўри дигаре надарояд. Ҳар касро вой ҷони худаш. Рост:
гушна бошӣ, надиҳанд, сер бошӣ, дида натавонанд». Ромиз фикр накарда, худ ба худ мегуфт, ҷумлаи охирашро барои чӣ гуфт, надонад. Ҳол он ки ў гушна нест ва сер ҳам нест ва шариконаш дар ҳаққи ў чизе ҳам нагуфтаанд. Фақат барои нигоҳашонро дуздондан дар сари Ромиз ин қадар гап омад.
«Чаро аз ман чизе намепурсанд? Вонамоянд, ки аз ҳама гап бехабар. Магар маҷлиси умумӣ ин чизро ҳам ҳал кардааст?..».
– барои ба саволи худ ҷавоб гирифтан боз як бор сар боло карда, ба онҳо дида давонд.
Ба назараш, то нигоҳ карданаш ҳама ба ў менигаристанд ва якбора дида ба варақаҳои рўи миз дўхтанд.
— Як пиёла чой гиред, муаллим, – шогирди чанд моҳ пеш ба кор омада пиёлаи чойро ба Ромиз дароз кард.
Ромиз пиёларо гирифт, вале чизе нагуфт. Пиёла рўи миз гузошт.
Ҳаври чой мебаромад. Ромиз на танҳо нанўшид, балки пиёларо монду фаромўш кард. Чой хунук шуд. Ў чу мастҳо хокистардонро монда, гули сигаретро ба пиёлаи чой таконд. Ва акнун онҳое, ки ба вай дуздида-дуздида менигаристанд, яқин карданд, бо ў коре шуда. Бо вуҷуди он касе напурсид; чун ҳаррўза латифагўӣ, ҳикоят кардан набуд. «Мўҳтарам директор, ман бекас ва бепушту паноҳ нестам. Устоди бузург барин дўстон дорам, аз падар ҳам зиёд, маро сағир гумон накунед». Суханҳоеро, ки бояд назди директор даромада мегуфт, дар сар такрор кард ў. Чун бо ин ҳама нашуд, аз «Эзоп» масалҳо оварданӣ буд. «Не, ў нафаҳмад масалро... Сарашро хўрад хона... Хона аз сари ҳама монад, вале аламе, ки барои хона кашидам, аз дил наравад. Дар ин ҷаҳон меҳмон ҳастам; меҳмони чандон бақадр не. Чаро аз барои кору рафтори кадоме худро озор диҳам? Маълум, ки онҳо маро азоб додан хоҳанд, ҳамин бас нест, ки боз... Ақаллан худамро азоб надиҳам. Охир, барои ин кор – барои худро ҷабр кардан ба дунё наомадаам, ман кори дигар дорам... Барои хона бо касе набояд моҷаро бикунам.
Сӣ соли умрам гузашт, мондагиаш ҳам гузарад. Кирои гап не, кирои тую ман кардан не, кирои Устоди бузургро ташвиш додан не... Ҳама кор худ аз худ: мувофиқи дастур сомон бояд шавад.
Лек ин харкаллаҳо чанги сурмахок бароранд. Намехоҳам, ки аз барои ман дигарон озор ёбанд, тирашон хок хўрад; чӣ лозим?
Модом ки кори мешудагиро иҷро кардан нахоҳанд, он касонро сухан ҳайф»...
— Рафиқ Рабиев, ба назди директор! – садои котиба риштаи хаёли ўро буррид.
Ромиз фикр кард, ки равад ё наравад. Ў аз оташи сигарет сигарети дигарро дуд дод.
Котиба бозомад.

пешина
аз 428
навбатӣ