Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ромиз сигарет напартофта ба кабинети директор даромад.
Директор ба сигарети дасти ў нигариста, абрў чин кард. Ромиз маънои нигоҳи ўро пай бурд, аммо сигаретро напартофт ва қуллоб ҳам накашида дошта истод. Сигарет сўхта-сўхта хокистар гашт, пилтаи хокистар канда шуда, рўи гилеми фарш афтод.
— Шумо беҳуда хафа нашавед, хамааш дуруст мешавад, – хандида ва Ромизро хурсанд карданӣ шуд директор. – Мо бо як тир ду фохта заданӣ, – давом дод ў. – Яъне, лимити хонаро ба Карим Раҳим дода -истода, хонаи ўро ба шумо медиҳем... – адабгўӣ кард ў.
Ромиз чизе нагуфт. Гўё гапи ўро нашунид, сар яктарафа карда банди андеша буд. Ў метавонист ба рўи сардор нигоҳ накарда сахт гўяд, дашном диҳад, маломат ва мазаммат кунад. Ўро фаҳмонад, ки чӣ кор кард. Ромиз рост ба чашмони ў нигарист: ҳар чӣ гуфтан мехост, аз дил гузаронд, аммо сардор чизе нафаҳмид. Табассум кард: «Шумо розӣ-а?» нигоҳаш чунин маънӣ дошт...
Сигарети дасти ў дуди маҳин мебаровард. Оташаш сўхта-сўхта то зардии дудполо рафт ва хокистараш зуғўта шуда монд. Ин дафъа Ромиз нагузошт, ки хокистари сигарет резад; дасти чап зери он дошт, то афтад, ба кафи дасти хеш афтад.
Гўё аввалин эҳтиёткории ў буд.
20
Онҳо рўи хараки пур аз барф менишастанд. Эҳсос намекарданд, ки хунукӣ аз палто ҳам гузарад. «Хона гирифтаед, муборак шавад!»
– гап наёфтагӣ барин гуфт Ҷаҳоноро, вале ба Ромиз чунин расид, ки масхара мекунад, ба табрики ў эътиборе ҳам надод. Ҷаҳоноро пай бурд, ки ба Ромиз нафорид. Рў гардонда ба чашмони аз ташвиш ва андешаи зиёд андаке фурўрафтаи актёр нигарист; Ромиз низ ба ў. Гумон кард, ки чашмонаш, лабонаш, абрўву мижгонаш ва ниҳоят парраҳои бозигари биниаш роз мегўянд. «Хунук хўрдед?» нами ҳалқаи чашмони ўро дида гуфт Ромиз. Ҷаҳоноро сар ҷунбонд, ки хунук нахўрдааст, вале чашм аз рўю дидаи Ромиз барканда натавонист. «Кўдак барин ту, Ромиз, актёр бошӣ ҳам, таги дили маро пай бурда натавонӣ», аз нигоҳи ҷавонзан мехонд Ромиз, аммо ҷуз нигоҳ бо ў дигар хел муносибат карда наметавонист. «Дил бохтааст магар?» аз худ мепурсид ў, вале наёрист даст бурда бадани ларзони ўро боздорад. Ў хуб пай бурд, ки пайкари нозуки ў зери палангина аз ҳаяҷон меларзад. Ва ниҳоят чунин шуд, ки саропои ўро хунук гузаронида бошад, дандон ба дандон зада, худро ба Ромиз наздик кард.
— Хунук хўрдед? – боз пурсид Ромиз, вале ба ҷои ҷавоб дандонҳои ў баландтар садо доданд. – Чӣ шуд, Ҷаҳон?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор