Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ромиз дар ғазаб шуд, вале чизе гуфта натавонист, баромада рафтан ҳам наметавонист.
— Як телефон кунам, мумкин?
— Марҳамат, – хеле аз дамаш фаромадагӣ барин гуфт навбатдор.
— «Раис ҳастанд?» – овози занонаро шунида пурсид Ромиз,
– бемалол бошад... Ман? Ромиз, актёр... «Алў!» – овоз омад.
«— Салом, муаллим, ман – Ромиз».
«— Чӣ мегўӣ?», «— Ҳуҷҷат овардам, барои хона.»
«— Хайр, овардӣ, супор.»
«— Як дақиқа қабул кунед... Ташаккур.»
Ромиз гўшаро ба навбатдор дароз кард. Раис иҷозат дод ва Ромиз назди ў даромад.
— Ҳа, чӣ гап?
— Муаллим, лимит...
— Ҳум... – гуфт раис ва тугмачаро пахш карда бо расия Юсуфро иаздаш хонд. – Ҳум? – боз такрор кард раис.
— Як мадад кунед, муаллим.
— Ман чӣ мадад мекунам, меистӣ, очир мебиёд, мегирӣ.
— Ба ҳар ҳол...
Дар кушода шуд ва Юсуф даромада назди дар рост истод, пеш ҳам наомад.
— Ҳуҷҷатҳои ин касро қабул кун, – фармуд раис, – баъд бин, ки дар куҷо хона ҳаст, – илова кард ў. – Аз куҷо мехоҳӣ? – аз Ромиз пурсид раис ва ў тамоман ҳайрон монда китф дарҳам кашид ва баъд:
— Худатон медонед, – гуфт.
— Не-не, гўй.
— Аз марказ бошад, беҳтар...
— Ҳа ана, мекобем, меёбем...
— Ташаккур, муаллим. Кай хабар гирам?
— Худамон хабар медиҳем...
— Ташаккур, муаллим, ташаккур, – хеле шод баромада рафт Ромиз.
Ў дар ҳаққи ин мард бисёр шунида буд. Одамгариаш, мардонагиаш ва алалхусус якқавла буданаш, ки дар шаҳр ба дараҷаи афсона расида буд. Ромиз аз рўи «Овозаи Рустам беҳ аз Рустам»
– ба ин мард эътиқод ҳам дошт, вале ҳоло эътиқодаш зиёда шуд.
Хурсанд шуд ва ҳатто хурсандиашро дар дил дошта натавониста, Хуршедро телефон карда, ёфта қиссаро гуфт... Ва акнун баумед мегашт, ки телефон мешаваду ҷеғ зада ордер медиҳандаш.
Чанд вақт гузашт, хабаре набуд ва ба дили ў оташ афтида, назди Юсуф даромад. «Ҳоло ҳеҷ гап не-ку», – гуфт ў ва дили Ромиз хунук фурў рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор