Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин гап бад расид ба ў ва ранги рўяш тағйир ёфт.
— Рости гап, ин корро худи раис ҳал накунанд... – аҳволи ўро дида гуфт Юсуф ва давоми гапашро гуфта натавониста китф дарҳам кашид.
Ромиз яқин кард, ки муқаррар аз дасти ин кас ҳеҷ чиз намеояд, «хайр» гуфта баромад ва аҳд кард, ки дигар ҳеҷ вақт назди ин кас надарояд. «Гўсола ту, намефаҳмӣ, ки барои ин лимит кӣ восита шудааст».
Ба раис телефон кард.
— Муаллим, ман – Ромиз.
— Кофта истодем, барои ту хонаи мувофиқ нест, – гуфт ў ва Ромиз ташаккур гуфта, боз чизе илова карданӣ буд, ки гўшаки телефон «ду-ду-ду» садо дод.
Хуни ў тез шуд ва дилаш сахт-сахт зад. «Дарди» кўҳна гирифтагӣ барин манаҳ соид. Ва хост, ки масъаларо яктарафа накарда аз ин бино набарояд. Як назар ба навбатдор нигоҳ кард, ки чӣ рамуз мегирад, тағйир ёфтани ранги ўро пай мебарад ё не, вале навбатдор ба ин чизҳо одат кардааст, ки эътибор ҳам надод, ба ҳар навъе дуртар рафт. Истод-истоду хандид: «Девона, «не» нагуфтааст-ку, хонаи мувофиқ кофта истодаем, гуфт, – худ ба худ андешаҳо радду бадал кард ў, – шаҳр соҳиб доштагист? Наход, ки бо ҳамин...».
Ў ҳар қадар гап шунавад ва ҳар қадар азоб кашад ҳам, ба касе чизе нагўяд, ҷуз ба Хуршед. Ў ба Хуршед ҳама гап гўяд, то дилаш сабук шавад; дурусту нодуруст бошад ҳам, ақаллан як калла ду калла шавад. Хислати хуби Хуршед чунин ки ҳеҷ гоҳ ноумед нагардад, ҳама вақт аз чизе дилаш пур. Чунин хислатро ба Ромиз низ талқин кунад; «кори беҳударо зиндагӣ афв накунад» мегўяд, гарчӣ чӣ кор карданро надониста, умр зоеъ гузаронад. Ромиз дар чунин фикр, ки умр беҳуда нагузарад; нақше бозида, фўкро ба осмон дошта ва шикамро ним қадам аз худ пеш набарорад; бад бинад ин хел одамонро, махсусан чунин актёрҳоро. «Умр бақо накунад, ки ҳамаи кори дилхоҳро бикунӣ, лекин барои ош хўрдану шикам мондан вақт мерасад» фикр мекунад ў, вале надонад, ки фалсафа ҳар хел шавад ва ҳар кас барои худ фалсафа дорад:
шояд барои яке ош идеал, вале барои оне, ки дар зиндагӣ дигаргуна зистану кор кардан мехоҳад, нони хушк кифоя кунад ва оши палав орзуяш бошад? Ё онҳое, ки танҳо ғами шикамро мехўранд, маънии зиндагиро дуруст фаҳмидаанд? «Ҳаминаш монад» гўянд, лекин ҳаминаш намонад; «аз пурхўрӣ фақат ҳоҷатхона миннатдор шавад» ин гапи халқ...
...Ромиз ҳайрон, ки чаро Ҷаҳоноро ин қадар номеҳрубон? «Худро эҳтиёт кунад ў. Лекин барои чӣ? Барои кӣ? Зебоии офтоб танҳо дар бузургиаш нест, дар нуру зиё доштан ва ба ҷинс манфиату ҷон бахшиданаш.

пешина
аз 428
навбатӣ