Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ба ў нигоҳ кунанд: «Ана вай артист, ўро аз театр пеш карданд, сармуҳаррири киностудия аз дараш ронд, ана вай – Ромиз актёр:
як ҷавони бетамиз, хурду калонро надонад... берў, бепарда, беандеша... Ҳамкоронаш ин хел не, як худи ин ҳамин хел: ман-манӣ кунад, песаҳоро назараш нагирад, ҳар хел нақшро бозӣ накунад, эҳтироми муаллифонро пос надорад, гапи режиссёронро нагирад...». Ба роҳгузарон диққат дод ва дид, ки касе ба ў эътибаре надиҳад ва ҳатто набинад; барои онҳо фарқ надорад, ки Ромиз ҳаст ё на. Ромиз андеша ботил донист: ҳама ўро нашиносанд; маълуму машҳур нест: «Беҳуда» хулоса кард ў кирдору рафтори худро. Даст афшонд. Мисли гард беҳудакорию оворагӣ аз доман афшонд. Ба худ омада аз паи кори хеш будан хост. «Аз паси занҳо овора шудан аз бекорӣ. Мисли аскар ё донишҷўй вақти сархорӣ надошта бошӣ, дидори занро орзу бикунӣ ё хоб бинӣ...
Гоҷ... Роли муносиб ёфта бозӣ мекардӣ, ба занҳо хуш меомадӣ.
Рол, ки наёфтӣ, фискашол аз паси занҳо овезонӣ. Балзак бо сеҳри хомааш ақли занҳоро рабуд. Ту чӣ?.. Ҳаминро донӣ-а? Донӣ, ки аз ўҳдаи ҳеҷ кор набароӣ, чаро ноз кунӣ? Барои чӣ аз асарҳо қаҳрамони афсонавӣ ҷўӣ? Кӣ Фирдавсиро зинда кунад? Кӣ ба ту Рустами даврон офарад? Ҳар чи ҳаст, бозӣ кардан гир. Одамон аз пашша фил созанд... «Ки ман кардамаш Рустами достон...»
фармуда Фирдавсӣ. Маълум, ки Рустам ҳам ҳеҷ буда. Муҳаббат ба меҳнат Рустами дастон офарида. Лекин ту чӣ кор кунӣ? Худ надонӣ. Нақши мувофиқ ҷўӣ, вале қаҳрамони мувофиқу муносиб ёфтаю офарида натавонӣ... Дар худ ким-киҳоро дидан хоҳӣ, худро дар ким-куҷоҳо ҷўӣ... Бале ба он сар, ки бо ин қадар фикру хаёл накафад...»
Ромиз каф ба гўшҳо гузошт, то чизеро нашунавад ва чашмон пўшид, то касеро набинад, аммо дар чунин ҳолат роҳ рафта натавонист. Пас худро ба карию курӣ зада, пиндошт чизеро набинад, садоеро нашунавад. Чашм ба пеши пой дўхта рафтан гирифт. Ў дар майнаи худ ягон гап, ягон воқеъа ва ё хотираю гузаштаеро роҳ доданӣ набуд, аммо чӣ буд, ки гуфтори сармуҳарриру Соҳиб аз гўшаш дур намерафт, садо медод; такрор мешуд: ғаш овард ва майнаашро гиҷ кард: «Нокардакор, туро ба ин кор чӣ кор?»
худашро ва ҳам Соҳибро маломат кард ў. Ва якбора мисле ки дар шаби тор чароғи хомўши электрик фурўзон шуда бошад, майнааш тоза шуд: «Саратро боло гир, саратро боло гир, саратро боло гир...» такрор шуд дар майнаи ў. Сар боло кард. Ба назараш ин амрро дили худ дода буд. Барои ҳамин ў аз ин амр сар натофта, қоматашро боло гирифт, сари синааш бардамид ва сарбаланд шуд: «Сари хам набурад шамшер», лекин сархам гаштан гирӣ, ба дўшат савор шаванд, он гоҳ қоматат хамидатар гардад», хаёл кард ў ва чун ба дари хона наздик шуданро надонист. Завҷа Ромизро мушавваш дид, вале рангпаридаю ғазаболуд на, балки батангомада ва як сохтакорие дар ваҷоҳаташ ҳаст, ки дил дигар чиз хохаду ранги рўй дигар гўяд.

пешина
аз 428
навбатӣ