Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Саида аз ў гап гирифтанӣ шуда ва сабаби парешонӣ донистан хоста:
— Як бозор намеравед? – гуфт ва гапи пухта шунид:
— Кадом бекор бозор рафтааст?
Саида ба фикр рафт. Ромиз дергоҳ ба вай нигарон монд, чунин нигарист, ки мушкилеро осон мекарда бошад. Сонӣ барои завҷаро аз хиҷолат баровардан табассум кард:
— Тамошобинон гумон кунанд, ки дар рўзгори актёр ҷуз шири мурғу ҷони одам ҳама чиз ҳаст...
— Шумо ба тамошобинон фаҳмонед, ки дар хонаи мо ҷони одам ҳам ҳаст, – ба шўхии Ромиз ҷавоб гардонд Саида.
Барои он ки хотири завҷа шод кунад, Ромиз кафи дастон ба ҳам соида ба гап даромад:
— Чанд нафар ба хонаи савдогаре омадаанд ва гуфтаанд: «Дар хонаи шумо сад кило тилло будааст, барои ҳамон омадем». Мардак ҷавоб додааст: «Сад кило не, саду даҳ кило» ва баъд номи занашро гирифта ҷеғ задааст: «Занак! Ҳо, занак! Биё, барои ту омадаанд!
Саида хандид, Ромиз ўро оғўш карда, оҳиста лаби кат нишонд ва худ либосашро кашида даруни ҷогаҳ даромад:
— Очаю додом зинда шуда биёянд ҳам маро бедор накун!
– гуфт.
Саида муроди ўро нафаҳмид; на хафагиаш маълум буд ва на хурсандиаш. Баромад. Дарро пўшид. Назди Хола-мулло рафтанист, вале беруни дар шах шуда монд: «Бо ў коре шуда». Даромада ҳол пурсиданӣ шуд, аммо аз рўи гапи ў: «Очаю додом зинда шуда оянд, маро бедор накун!» худдорӣ кард...
Ромиз дар ҳаёташ аввалин бор рўзи бароҳат ва бофароғате ёфт, ки зуд хобаш бурд ва ба зудӣ бедор нашуд. Саида ҳам ба вай халал нарасонида, дар паҳлўи «гулзор»-и Хола-мулло курсича монда нишаст. Дам-дами фурўрафти офтоб Ромиз бедор шуда, баромад ва Саидаро дар чунин ҳол дида наздаш омада нишаст ва вонамуд кард, ки ў ҳоло ҳам хоболуд аст.
— Ҷўраатон Соҳиб омада буд, соати шаш назди чойхонаи «Роҳат» биёянд, гуфт.
Ромиз бо муҳаббат ба соати дасти Саида зеҳн монд, гўё ки ба кўдак забони хуш дода бошад: «Як соат гузаштааст-ку?» гуфт.
— Бедор накун, гуфтед, бедор накардам...
— Хуб кардӣ, – гуфт Ромиз, вале занаш нафаҳмид, ки пичинг буд ё рост..
— Мегўянд, ки замони баҳодурӣ гузаштааст, – аз бом тароша афтодагӣ барин гуфт Саида.
— Яъне чӣ? – ҳайрон монда пурсид Ромиз.
— Мардум хаёли бой шудан доранд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё