Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Кӣ медонад. Шояд меҳрубоне дошта бошад? Агар не, чаро номеҳрубон? Аввал маро ба худ одат кунонда, ҳоло «ин хел»
мегўяд... ё ман натавонистам... Натавонистам, ки дили ҳассоси ўро, дили шеърошнои ўро ба даст биоварам? Натавонистам, ки ба дили нозуки ў ҷой шавам?», Ромиз ин суханҳоро зери лаб чунон гуфт, ки аз китобе хонда бошад ва ё аз ҳар ҷое, ки хонда ё шунида бошад, такрор кунад. Фақат такрор, аммо диле надорад ва ё наёрад, ки мисли рўзҳои гузашта бархеста ба гулгашти Ҳофиз равад ва дар пайроҳаҳо қадам зада роҳи ўро бонӣ кунад ва ё он ҳофизи шикамғафсро назди дарвозаи ў дида рашк барад. На, ҳаргиз на.
Ў Ромизро паст зад, «эҳтиром» накард. Ақаллан нагуфт, ки «ба ману шумо айб», мо шинос, ман ба хонаи «падарамакам» рафта меоям, гапе шавад, хуб нест. Хуб нест, вассалом. Метавонист, ки ҳамин қадар гўяд... Хайр, кас хўроки дилкашро хўрад... Ва ман баъди ин на бояд дар он хона истам...»
Ҳукми Ромиз қатъӣ буд. Вай сахт гирифт. Зуд-зуд ба комиҷроияи шаҳр мерафт. Ба раис телефон кард, рўзи қабулаш ба наздаш даромад. Як бор ваъда кард, ки дар марказ рў ба рўи чойхона барои ў хона ёфтааст, баъди як рўзаш гуфт, ки ғайриихтиёри ў он хонаро ҳам ба як мутахассиси аз шаҳри дигар омада додаанд.
Баъд як ҳавлӣ ваъда дод. «Рафта бин, маъқул шавад, медиҳем»
– гуфт. Ромиз ҳавлиро рафта дид, Хуршедро ҳамроҳ бурд, Саидаю Хола-муллоро бурд, маъқул донистанд. Боз ба раис занг зад.
«Маъқул» – гуфт. «Вай хона ба ту намешавад, се-чор ҳазор сўм барои таъмираш лозим» – гуфт раис. Бо вуҷуди он Ромиз розӣ буд.
«Хайр, канӣ бинем» – боз ҷавоби аниқ надод раис. Аммо Ромиз суст наомад, боз рўзи ҷумъа ба қабули раис рафт.
Қабулгоҳи кабинети раис аз одам пур буд. Мардум субҳ надамида, ба навбат рўихат тартиб дода буданд. Котиба дар байн нишаста ҳамаро ному фамилия менавишт ва мақсаду матлаб мепурсид. Баъдтар дари дарун кушода шуда, марди таҳамтан баромад ва бепарво рў ба рўи одамон нишаст. Ромиз ҳайрон монд, ки чӣ демократияи аҷибест? Чӣ хоксорист, як роҳбари шаҳр, як одаме, ки гапашро ба ҳама гузаронида метавонад, то чӣ дараҷа фурўтан аст. Нигоҳ накунад, вале ҳамаро бинад. Ў иддаои чанд касро шунид. Чун аз даҳони касон гапе мебаромад, ҷавобаш тайёр буд ва медонист, ки кадом хона дар куҷо холӣ шудааст, ки гирифтааст ва ё ба кӣ бояд дод. Зуд, кўтоҳ ҷавоб дода ва баъзан гап задан намонда, гусел мекард ва даъвогар давоми гапашро дар беруни дар мегуфт. Ромиз боз ҳайронтар шуд. Ў доност, маккор ё шаттоҳ аст? Ромиз фарқ карда натавонист.
— Ун занак барои ҳавлиаш ду квартир мепурсад, – якбора ба Ромиз рў овард раис. – Ана ҳамин, агар илоҷаш бошад, боз як лимит биёр...
— Чӣ хел? Илоҷ надорад... Шумо медонед, ки...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор