Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

23
Ҳолиё ў қадри худ медонад, барои ҳамин ситезаю гарданшахӣ ба ў назебад, балки ҳарчӣ тавонад аз зиндагӣ доди худ ва насиби худ бояд биситонад. Аз ғазаб фуромад, барои зуъму ситезаҳояш андаке дар дил худро сарзаниш кард, сонӣ ба хулосае омад, ки бори дигар ба қабули раиси шаҳр рафта бифаҳмад, ки оқибати коғазбозиҳо чӣ шудааст.
Рўзи ҷумъа, онҳое ки иддао доранд, гирдогирди қабулгоҳи васеи раис нишастаанд; имрўз раис ба назди онҳо набаромада, туфайли котиба ҳамаро банавбат дарун мехонд. Навбати Ромиз низ омад. Баробари аз дар ворид шудан салом доду ҳайрон монд:
мўи сари раис лайс тарошида, харобу лоғар тобад, кадом баччаи ношиносро монад; аммо давраи ба хидмати ҳарбӣ гирифтан гузашта. Ў одами хурд нест ва одами андак нест. Баъзеҳо бехи мўй сахт шавад гуфта, аввали баҳор мўяшонро теғтарош мекунанд, вале ҳоло фасли сармост ва сар андаке луч монад сармо занад.
Ваҷҳи мўтарошии раис чӣ бошад? Ростӣ, шасти пештарааш ҳам нест, сараш хам...
— Ту ҳоло ҳам хона нагирифтаӣ? – ғамхорона ва дилсўзона пурсид раис.
— Алҳол не, муаллим...
— Хеле вақт шуд, мо ин касро бо хона таъмин карда натавонистем, – аз занаки малламўи кабудчашми сап-сафеди тозаю зебо, ки ҳар ҳарфи раису муддаиро менавишт, рў оварда гуфт раис.
– Ҳуҷҷатҳоят дар кучо? – аз Ромиз пурсид ў..
— Намедонам.
Раис тугмаи аппаратро пахш карда аз Юсуф ҳуҷҷатҳои Ромизро дархост кард ва магар аз ў ҷавоби саҳеҳ гирифт, ки ангушт аз сари тугма бардошт ва мисле ки тамоми рўз каланд зада хастаю шалпар шуда бошад, «уф-ф-ф» гуфта нафаси дароз баровард.
Ромиз ба ў дурусттар нигарист; мурғи шикастаболро мемонд, гўё парвоз кардан мехост, дареғ, ки болу пар надошт ва як розе, ҳавасе, орзуе дар дили ў мурда буд. Ромиз ҳамин чизро пай бурд, вале хомўш меистод. Ба хотири раис ва занакаи сафедрў хомўш меистод, вале дар дил гапи зиёде дошт, фарёд зада чизе гуфтанӣ мешуд, боз худдорӣ мекард, боз мисли кафки шири дег дамиданҳои худро бо қатраҳои оби сард фурў менишонд: дар хусуси тақдири инсон фикр мекард, кору бори ў ва оқибати кордориҳо меандешид. Ў инсонро, қадру эътибори онро донистан ва худи ўро шинохтанӣ буд. Наход ў худро ҳамин лаҳза дарёфта бошад, наход боз ба андешаҳои худ бори дигар бовар карда бошад, ки одамӣ танҳо бо меҳнат ва корҳои намиранда зинда хоҳад монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор