Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Подшоҳӣ изи хуб аст, лекин кас ҳама умр подшоҳ буда натавонад.
Агар зуд намирад, кушанд... Умри як ҳунарманде, ки дар аҳди подшоҳе ба сар бурда бошад, дарозтар аст аз умри подшоҳ....
Котиба чизеро дониста-надониста ба раис менигаристу ба Ромиз, ба Ромиз менигаристу ба раис, хома рўи дафтар бекор меистод.
Раис чӣ гуфтанро фаромўш кард, аз намудаш маълум буд, ки аз Ромиз дида ў зиёдтар хаёл мекунад.
Мазмун, Ромиз дер баромад, ки касе дарро кушоду боз пўшид.
— Ҳа! – ба худ омада садо баровард раис. – Назди Мила рав ва бигўй, ки назди ман биёяд, ҳуҷҷатҳоятро гирифта биёяд...
Ромиз чизе нафаҳмид ва ҳоло ба худ наомада буд; намуду ранги рўй ва ҳолати раисро дида, ба худ наомада буд. Ба ҳар ҳол ба поён фаромада аз хонаи №14 занаки таъйинкардаи раисро ёфт ва гуфт, ки ҳуҷҷатҳояшро гирифта назди ў равад.
— Ман ба назди ў кор надорам, – бепарво ва беписандона гуфт занак.
Ромиз аз чунин муомила кардани ў дар ҳайрат монд, ки ҳама номи ўро шунаванд, меларзанд; аз даҳонаш гап набаромада корро иҷро мекунанд, вале ин занак чаро чунин рафтор кунад? Магар раис ўро сахт ранҷонидааст? «Аҷаб!»
— Аҷаб-паҷаб не, хона додан хоҳад, назди ман нафиристода додан гирад.
— Чӣ хел?
— Ҳамин хел...
Ромиз чизе наёфта ва чизе нафаҳмида ба назди раис баргашт.
Ў ҳоҷату дархости ҳамаро пурсидаю фаҳмида, ҷавобашон додааст ва худ тараддуди рафтан доштааст, ки як остини палтояшро пўшида, рў ба дар овард...
— Занак наомад, муаллим... рафтанам шарт нест, мегўяд...
— Ҳо, ин падарсўхтаҳо фаҳмидаанд, ки ба нафака мебароям, ҳамон фаррошаш ҳам гапамро гўш намекунад...
Ромиз фақат ба дар рў гардонданашро медонад, вале ёд надорад, ки аз он бино чун баромад... - Ба ҳар ҳол ў пушаймон нест, ки дар бораи одаму қадри он ин қадар фикр мекунад...

пешина
аз 428
навбатӣ