Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Табассум накунӣ? Ҳайрон монд, ки барои чӣ хандад? Акнун худ аз худ хандад ва ба доманаи уфуқ нигарад, ки ҳаво равшан, тоза, гўё ки нав борон аз бориш бозмонда, офтоб тулўъ карда бошад.
Ҳама чиз ба дил пайваста будааст; дил шод бошад, ҳама чиз ба назар хуррам тобад, ҳатто фазо. Коре, ки бо чеҳраи кушод иҷро карда шавад, дигаронро низ хуш ояд. Алҳол Ромиз дар сафархо шеърхонӣ мекунад; ба забони тоҷикию русӣ, вале моноспектакли «Танҳоӣ»-ро дар ягон ҷо пурра нахондааст. Пора-пора хонад, қисмқисм хонад – гўё барои имтиҳон хонад. Ў донад, ки аз имтиҳон кайҳо гузашта, ҳатто аз имтиҳони Шоири бузург. Вале ҳоло ҳам дилаш пур не. Барои ҳамин корашро гаштаву баргашта мисли гили сафол мерасонад... Ва ў дар чунин ҳолатҳо аз як чиз афсўс хўрад; аз беҳуда рафтани умр: он чизе нест, ки баргардонӣ, умр монанди об як бор ҷорӣ шавад; умри босамар мисли рўде, ки ба баҳр резад, умри бесамар монанди обе, ки ба сар резад, як бор
– вассалом... Ҳо, оби рехтаро бардошта нашавад... «Умри одамиро ба кўҳе шабеҳ донанд, ки фарозу шеб дорад. На ҳар кас ба фарози он барояд, на ҳар кас аз шеби он саломат фарояд. Ва боз... ва боз бо чунин мадоре, ки ман дорам, орзуи қулла кардан...»
Он чизе ки Ромиз мехост, киностудия ба ҷо оварданист, вале ўро муяссар мешуда бошад, ки нақши Рустамро бозӣ кунад?..
Ҳо, дар қатори машҳуртарин актёрон Ромизро низ даъват кардаанд...
Ромиз ба киностудия имтиҳонсупорӣ рафт. Режиссёр ҳайрон буд, ки киро интихоб кунад, зеро актёрони гурҷӣ, актёрони театрҳои Москва «таҳамтан» менамуданд, аммо дар қиёфаи Ромиз чизе буд, ки ўро ба гузаштагон монанд медошт, ў то андозае афсонавӣ ҳам менамуд ва шояд худаш ҳамин чизро дониста ин қадар орзуи қаҳрамонӣ ва бозидани нақшҳои баҳодурон ва камонкашонро дошт. «Баҳодури дилшикаста» гўё маънии нигоҳи режиссёри номӣ ҳамин буд. «Ку табассум бикун, ку наъра бизан! Ку гурз бардор, ку шамшер бикаш!» гўё нигоҳҳои режиссёр ба Ромиз чунин амрҳо мекарданд. «Мотор!» дар хаёлаш садои режиссёр омад ва Ромиз бояд ҳамчун Рустами дастон ба майдон меомад. Ва дар як лаҳза сужети достони безаволи «Рустаму Сўҳроб» аз пеши назари ў даргузашт; ў хаёл кард, ки ҳамин замон ба Рахши рамузфаҳм савор шуда, ба Эрону Тўрон сайру сафар мекунад ва бар аҳриманиҳо зафар ёфта, дар ин сарзамин тухми адолат мекорад... Вале хаёли ботил: режиссёр таҳамтанҳои рў ба рўй истода ва актёрони номдорро монда ўро қабул накунад; зеро одамон имрўза Рустамро девсурат пиндоранд. Ромиз сиҳиқомат ва ҷавон. Номи баланду шўҳрат низ лозим. Ромиз гарчӣ ҳунарманд бувад, чун Рустам шўҳратманд нест. Ўро гўйӣ барои дилаш ва аз қатор намонад гуфта, хабар кардааст; шояд режиссёр пай бурда, ки зўран қиёфаи Ромизро ҷиддӣ гардондан лозим нест, худи табиат ўро барои офаридани образи Рустам ба дунё овардааст ва рў ба рўи ў Хуршед ҳам ҳаст, ки шояд Сўҳроб шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор