Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДАР ФАЗО

ҚИССАИ ДИГАР

Ман мўи хешро на аз он мекунам сиёҳ,
То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.
Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,
Ман мўй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.

1

Дигар Шабаҳ-одам пешопеши Ромиз намегардад. Вазифа адо кард: Ромизро ба худаш шиносонд, акнун нанамояд ҳам, мешавад. Ромиз ҳамин қадар дарк кард ва донист, ки «Рўдакӣ» ўро аз саҳна бурд, «Рўдакӣ» ўро ба саҳна овард. Аз ин чиз хурсанд, вале ҳоло аз муваффақият шод нест. Нав ба чанд республикаи бародарӣ ҳамроҳи аҳли адабу санъат дар Рўзҳои даҳа сафар кард; дар анкетаҳои навбатӣ зери саволи «Ба мамлакатҳои хориҷӣ сафар кардед ё не?» хат кашида, дар паҳлўи савол «Ҳа» навишт...
вале қонеъ нест. Ромиз аз Шабаҳ-одам хурсанд, ки ўро дар хонаи торики Мулло-амак гузошта рафт, вай боз хафа, ки Шабаҳ-одам ўро ба Комиҷроия бурд. Ба сари ў савдои хонаро андохт, савдои сахтро... Вале чандест, ки Ромиз дар ин хусус андеша надорад; хонаи Мулло-амак хонаи ўст. Ҳарчанд Мулло-амак «биё, дар хонаи калон зиндагӣ бикун» гўяд, Ромиз аз ҳуҷраи дами дарвоза дил намеканад. Гўё хуни нофаш дар ҳамин хонача рехта бошад.
Вай хоначаро дўст дошт, гўё фароғатгоҳ; толори Мулло-амакро нағз дид, гўё дар он ҷо худашро дарёфт, пухта шуд. Он кўрае буд, ки Ромизи рўинхўро ба тоб овард. Як вақтҳо ў саҳнаи хурди театрро ҳамчунон дўст дошта буд, ки худро аз ин гўша ба дигар гўша зада, мисли лое, ки кулолгарон ошурдаю ҷафида ва пахшу мушт карда барои сафол пазонданд, мерасид. Ҳолиё дар толори Мулло-амак ин корро бикунад; аз ин рў дар кўчаҳо овора буданро дўст надорад, ҳар куҷо бошад, хоҳад, ки зудтар ба хона равад, ҳатто аз сафари дур ҳам. Пиндорад, ки лои ошурда ва расондаи ў аз дер омаданаш хушк гардад ва дигарбора об зада биошурад ҳам, ба кор наояд. «Нотамом, хом, норасида...» андеша кунад ў ва табассум. Табассум кунад, вале нафаҳмад, ки барои чӣ? Аз куҷо ба лабони ў табассум дамад. Ба ў суол доданд, ки чаро нахандӣ?

пешина
аз 428
навбатӣ