Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Яъне, замони баҳодурӣ не, замони бойшавӣ?.. Ин гапро ба ту кӣ гуфт? Ин гапи ту не. – Ба хашм омад Ромиз... – Ҳавлӣ, дача, мошин...
— Ромиз, ҳо Ромиз! – фарёди беруни дарвоза миёни маншаи онҳоро шикаст.
— Биё, Соҳиб, гапи туро мегуфтем, – барои ғазабашро фаровардан гап ёфт ў.
— Ман гапзанон кардам Ромиз...
— Мон... лозим не... театраш чӣ шуд, ки кинояш шавад... Хубаш кори деҳқонист... Арақи ҷабин резонӣ...
— Ташвиш накаш, техника нагузорад, ки ту арақи ҷабин резонӣ..
— Инаш рост... Мегўянд, ки мошинаҳои драмнависӣ пайдо шудаанд, шояд ягон образи ба дили ман мувофиқ нависанд, то гашта ба театр равам..
— Дер намешавад?.::
— Шояд дер шавад... Агар шаҳрамон шаш-ҳафт театр медошт.
— Дод мезадӣ, ки барои як театр асари хуб нест...
— Театр зиёд бошад, шоҳасарҳои ҷаҳониро тарҷума карда, ба саҳна гузорем... Ва он гаҳ ту ҳам песа нависӣ.
— Песаи маро қабул накунанд... Ромиз режиссёр шавад, нависам.
— Навиштан гир: ҳама аз рўи ҳавас, барои пул нависанд. Касеро донӣ, ки нанавишта тавонад – яъне, нанависад, мурад? На?
Яъне ту ҳам тавонӣ, бинависӣ: тавонӣ, Фарҳодро зинда карда ба Норак барӣ; тавонӣ, Роғун барӣ... ва ҳар куҷое, ки хоҳӣ...
— Оқибат нависам, – ваъда дод Соҳиб.
— Ҳаётро, ки навишта натавонистӣ, мамотро бинавис... ё беҳтараш ҳаёти Сабуровҳоро, ки «сар рафт, сир ҳам биравад» – гўён буду шуди гапро фошофош гуфтааст. Ман-ку надидаам, лекин шунидам, ки айнаки сиёҳ монда, то ба чашмаш назари мардум наафтад.
— Ин мавзўъ миёншикан, Ромиз.
— Шояд бадбахтии мо ҳамин бошад, ки миёнро эҳтиёт кунем, гуфта, коре накарда, мурда равем. Лекин касоне ҳастанд, ки таваккал кунанд; онҳо донанд, ки ё миён шиканад ва ё гардан, бо вуҷуд «як рўз бошу хурўс бош!» гуфта «беҳуда» ё «бад» зиндагӣ карданро ор донанд: донанд, ки мисли малах як-ду бор ҷаҳида, оқибат ба даст афтиданашон аз имкон дур нест, дидаю дониста ба ин роҳ раванд. Вақте ба худ оянд, ки дер шуда; ман аз суди Сабуровҳо ба ту шохае хоҳам хонд:
«Ҷавони бисту сесоларо истинтоқ кунанд:
Судя: – Шумо бо киҳо муносибат доштед?
Ҷавон: – Бо касе муносибате надоштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё