Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Соҳиб ба мадад эҳтиёҷ дошт, сухани Кодирро нашунида ангошт. Одамоне, ки ҷанҷолро хуш надоранд, одатан ҳамин хел худро ба карӣ зананд – яке аз роҳҳои осуда ва бемағал зиндагӣ кардан.
Қодир, ки ба ҳар суханаш ҷавоб шунида ва аз гап гап баровардан одат карда буд, аз чунин бепарвоӣ ва беаҳамиятии Соҳиб ҳайрон монда, аз рўи одат китф дарҳам кашид. Вале Ромиз ба гуфтугўи онҳо аҳамият надода, аз дил гузаронд, ки ҳоло Хуршед лозим аст.
Хуршеде, ки ба як зўр задан як тарафи мошинро бардорад. Худи Ромизи сангбоз ҳам зўри кам надорад, аз беэътибориаш вақтҳои охир баданаш ланҷ тобад.
— Ҳа, газ те, Соҳиб! – дасташ ба мошин ё мерасид ё не, садо кард Нодир. – Ҳа, газ!
— Ҳа! – садо кард Ромиз ва мошин ковок шуд, вале чархи ҳафо дар рўи барф ҳамчу дар ҳаво давр мезад, заминро намегазид.
— Зўри беҳуда, таги мошин ба битон расидааст, чархҳо рўи ҷўй муаллақ, – хам шуда ва дида гуфт Ромиз.
— Мулло-Ромиз, шумо дар илми мошиндорӣ балад ҳастед?
– шўхӣ кард Қодир.
— Оре, – ба ҳамон оҳанг ҷавоб дод Ромиз.
Қодир ба Нодир нигарист ва Нодир ба Қодир. Ҳарду ҳам табассум карданд. Мазмун дошт нигоҳи онҳо, маънӣ дошт табассуми онҳо. Ва ин мазмуну маъниро худашон мефаҳмиданд.
Онҳо медонистанд, ки пештар аз ин хусус чӣ ҳарфҳое гузашта; дар ҳаққи Ромиз, рафтори ў ва кору бор ва гиру дори корхона чиҳо гуфтаанд. Худашон донанд...
Як мошини боркаш оҳиста лағҷида, андаке аз онҳо гузашта истод ва ронандааш фаромада «Чӣ шуд, муаллим?» гўён ба Ромиз рў овард ва Нодир пешхезӣ карда бо ишораҳои даст мошини ба ҷўй афтидаро нишон дод, ки ронанда кўр бошаду ин чизро набинад... Ронанда ба рафтори артистонаи Нодир хандид ва хам шуда ба паси мошин нигарист, Нодир низ баробари ў хам шуд:
«Бинед, дидед?» Ронанда табассум карда болои мошинаш баромада як тахтаи дарозро нишеб кард, ки Нодир гирад. «Ромиз, гиред!»
гуфт Нодир ва андаке пушт рафт. «Ин ҷо биёред» ақл шуда гуфт Нодир, ки бо он тахта чӣ кор карданро медониста бошад...
...Базўр тахтаро зери чархҳо гузоштанд. «Акнун худатон шинед»
ба ронанда рў овард Нодир. «Ба умеди ин кас нашавед. Ин кас актёри хуб, вале ронандаи бад».
Ронанда боз як бор хам шуда дид, ки таги мошин ба бетон намерасад, баъд сари рул нишаст. Соҳиб чашм аз раҳи якқад, ки мошин дар тарафи рости ҷўи бетонӣ боқӣ гузошта буд, намеканд.
Вай ба мошин менигарист ва аз он ҷо пеши чашмонаш завҷаи меҳрубонаш менамуд.
Оҳиста лағжида ба роҳ баромадани «Жигули» ўро ба худ овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор