Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«Акнун ҳамин мошина то хонаашон бурда метед» – ба ронанда часпида гуфт Нодир. Ронанда табассум кард. «Не, ташаккур, миннатдор» гуфта Соҳиб ба ронанда наздик омад ва ҳамин вақт Ромиз тахтаи ронандаро бурда болои мошинаш партофт...
— Шин, Ромиз, – хоҳиш кард Соҳиб.
— Ҳа, мулло-Ромиз, ҳамроҳашон равед, аз янга узр пурсед,
– илтимос барин гуфт Қодир ва Нодир ўро тарафдорӣ кард.
Мошин дуд бароварда, ҳаракат кард, Қодиру Нодир аз паси он механдиданд...
Ромиз на барои ҷанги янга, балки барои ҳамроҳӣ нишаст ва пеши назараш омад, ки ба чӣ сурат янга сўи Соҳиб арбада мекунад...
5
Асаб вайрон бошад ҳам, имшаб Ромиз хуб хоб рафт. Сахт, бароҳат ва осуда хобид. Ў дербоз чунин хуфтан мехост, чунон сахт хобидан мехост, ки замин ҷунбад ҳам, хабардор нашавад. Сахт хоб рафт ва барвақт бедор шуд. Дар оғўши Саида хобида буд, дар оғўши Саидаи меҳрубон, беозор ва рамузфаҳм. Саида баробари аз дар даромадани Ромиз фаҳмад, ки табъи ў хуш аст ва ё нохуш.
Аммо аз Ромиз чизе напурсад ва рафторе кунад, ки хилофи хоҳишу бозхости ў набошад. Рўзҳои охир аз барвақт хобидан ва сангбозӣ накардани ў пай бурд, ки Ромиз хафа. Зеро одат шудааст, ки Ромиз бо хоб асаб ором кунад. Хола-мулло «Ба муллоҷон чӣ шудааст?»
пурсад, Мулло-амак «Чаро мулло намедарояд?» мегўяд. Саида намедонад чӣ ҷавоб диҳад. «Нее, нағз барин-ку» мегўяд. Ромиз кўшиш кунад, то ба Саида ҳолати рўҳиашро нишон надиҳад, вале намешавад. Саида мефаҳмад... Ромиз табассум мекунад, шеър мехонад, месарояд, аммо намешавад; Саида пай мебарад... Ромиз аз «Шашмақом» мехонад. «Шоҳнома», «Ҳазору як шаб» ва «Шашмақом»-ро қуллаҳои дастнорас медонад. Махсусан баъди он рўз, ки дар мурдаи Ғиёс «Шашмақомхонӣ» карданд, ин шоҳкориро дўсттар дошт, вале «Шашмақом» аз он рўз не, балки аз рўзи дафни як шахси обрўманд дар байни мардум зиндатар шуд, дар ҳама ҷо – дар тўю азо мехондагӣ шуданд. Шарофати як кас ҳам шарофат бувад, касофати як нокас ҳам касофат. «Шашмақом»- ро алҳол ҷавононе сарфаҳм нарафтаанд, ки ба «Ҷаз»-и хориҷӣ дода шудаанд ва ба сарашон ташвиши дунё наомадааст, шодиро дидаанду ғамро не... Лекин мефаҳманд; ба воя расанд, камол ёбанд, дар хусуси зиндагӣ андеша кунанд, мефаҳманд,.. Пир, ки шуданд, мефаҳманд. Фаҳманд, ки «Шашмақом» бебаҳост... Ҳоло
– вақти наҳор аз «Шашмақом» суруду таронаҳо мешунавонанд ва Мулло-амак садр меравад.. Вай сухани ҳофизро хуб мешунавад ва сарфаҳм ба маънӣ меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор