Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Нодирро надидӣ, Ромиз? – оқибат пурсид ў.
— Не, – ҷавоб дод Ромиз ва боз хандид.
— Аввалин бор мебинам, ки Ромиз ҳам хандад, – баробари ў хандида гуфт Қодир.
«Ана ин артист» аз дил гузаронд ў ва боз аз кори карда завқаш омад ва баъди он, ки Қодир боз гапашро такрор кард, ҷавоб гардонд.
— Дар саҳна артист будан як пул, артисти зиндагӣ шудан лозим будааст.
— Шумо дар зиндагӣ ҳам артист, мулло Ромиз, кӣ ин хел хандида метавонад?
— Ҳоло ин машқ, хандидан дар пеш.
Қодир аз ин ҷавоб боз суст шуд, дамаш дарун зад ва баъди хеле вақт саволро такрор кард: «Нодирро надидӣ?»
— Не, чӣ буд? Ягон гап доштӣ?
— Аз хандаат ўро дидагӣ барин, зеро фақат Нодир ҳамин хел бемаврид ва беҳуда хандад.
— Хайрият, ки ман ҳамроҳи ў намегардам...
— Чӣ, мо гаштан катӣ ягон чизи якдигарро хўрдем? Ҳамту мегардем....
— Барои ин не, шумо ҷўраҳои нағз, ҳама ҳасад мебаранд.
— Мо ҳамту ҷўра, ҷўраҳои кўчагӣ... – гапаш нотамом берун баромад ў ва фурсате нагузашта, баргашта, – мулло Ромиз, як дакиқа! – гўён ангушт боло кард ва ўро берун хонд. Ба долон баромаданд. – Росташро гўй, Нодир ягон чиз гуфт?
— Не!
— Хайр, росташро гўй.
— Не, охир... чӣ, ягон гап буд?
— Аз хандаат, аз гапҳои пичингомезат кас дар шубҳа меафтад.
— Артист. Ба ҳар ҳол курси режиссёриро не, курси актёриро тамом кардаам.
— Не-е, – Қодир рўй гардонд, сигарет кашид ва Нодирро сахт дашном дод ва боз аз хандаи Ромиз хавф бурд, – дилам ба ту месўзад, ки беҳуда-беҳуда механдӣ. Худи ҳозир духтур рав...
— Ҳа-ҳаҳа!!! – баланд хандид Ромиз, ки тамоми долонро фаро гирифт, ҳатто дарҳо кушода шуда, сарҳо берун омада, боз дарҳо пўшида шуданд ва худи ҳамон рўз овоза шуд, ки Ромиз ақл бохтааст. Ва вақте ки мардум аз кор баромада мерафтанд, шубҳаомез ба ў нигоҳ карда мегузаштанд.
Ромиз механдид, аммо сабаби хандаашро намедонист. Ба хона ҳам хандон рафт, шаб хандид, нисфи шаб хандид, саҳар хандид.
Ва боз хандаи ўро дар кор шикастанд:
— Ба Қодир чӣ гуфтӣ, Ромиз? – пурсид Нодир.
— Ҳеҷ чиз.

пешина
аз 428
навбатӣ