Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Не, росташро гўй?
— Ман ба ў хандидам.
— Аз номи ман чӣ гуфтӣ?
— Э мон... ў пурсид, ки Нодир ба ту чӣ гуфт, ман хандидам...
— Не, ту чизе гуфтаӣ, мо сахт ҷанг кардем, чунон сахт, ки ба назарам, дигар оштӣ намешавем... Ў гап занад ҳам, ман гап намезанам, гап якта. – Нодир чанд тангае, ки дар кисаи пиҷакаш буд, ҷиринг-ҷиринг кунонд,–Ба гумонам, ки ту гуфтаӣ.
— Ҳамун гумон ҳисоб не-дия...
«— Рафиқ Рабиев, ба назди директор!..»
— Яқ дам ист Ромиз, ту бо ҳамин директор ягон гап дорӣ, ту катӣ нағз, доим ҷеғ зада маслиҳат мекунад, ба худо ки ягон гап дорӣ...
Ромиз хандид: «шумоёнро мефурўшам...» ва ҳамон зайл «хурсанд» назди директор даромад. Салом накарда ва чизе напурсида даромада нишаст. Директорро сар хам, варақҳои пароканда зери оринҷҳо буданд ва ба онҳо зеҳн мемонду зеҳн. Хеле истод, тахмин, сухани Ромизро мунтазир буд. Вале Ромиз хапу дам.
— Имрўз чанд маълумот рафт? – якбора пурсид директор.
— Маълумотҳо дар дасти шумо, ман аз куҷо донам!.
— Дирўз дуто, имрўз чандто?
Ромиз зуд фаҳмид, ки гапи бофтаи дирўзаро ба ў расондаанд.
— Ҳўҳў-ҳў, ҳа-ҳа-ҳа! Оварда расонданд? Маълумоти имрўзаро ҳам аз ҳамонҳо пурсед...
«...Фақат ту, фақат ту метавонӣ ин корро кунӣ, Ҷаҳоноро!»
фарёд зад Ромиз ва аз садои баланди худ бедор шуд. Хона торик буд ва шабаҳҳо пеши назараш омада, дар шифти пасти ҳуҷра гардиш мекарданд. Ў дар ин ҳуҷра танҳо, воҳима гирифташ ва бисёр мехост дар ин шаби ором ва хомўш, ки чанд будани соатро ҳам намедонист, Ҷаҳоноро назди ў бошад. Бошад ва чунон ки лаҳзае пеш меҳрубон буд ва хуш мегуфт, ҳамон зайл ўро навозиш кунад ва дил бардорад. «Куҷоӣ ту, табиби ман, ҳакими ман?» аз дил гузаронд ў ва оҳанги бархеста, аз хона баромада, ба ҷустуҷўи ў рафтанро кард. Аммо чун аз девон пой нишеб кард, бемадор будани онҳоро ҳис кард; пой пои худаш набуд. Даст-даст карда хабар гирифт, ки ҳоло пой дорад, вале пой мадор надорад, ки ўро то манзили Ҷаҳоноро расонад.
Хоб парид. Андешаю хаёл дошт. Ў баъзан хафа шуда монанди шоирони пешин ҳама бедодӣ ва нобаробариро аз «дунё», «гардун», «гунбади фалак» медонист, имрўз яқин дорад, ки ҳама «бедодиҳо»
аз дасти инсон аст. Ҳо-о, ҳама чиз, ҳар неку баде, ки аз кас ба миён ояд, аз дасти инсон аст. «Инсон бошууртарин ҳайвон ва ҳайвон бешууртарин инсон», хулосаи андешаҳои ў чунин; ҳайвонҳо гап зада натавонанд ҳам, бисёр чизҳоро фаҳманд; баъзеашон аз пеши худ ва баъзеашон аз таълими одамӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор